Чаро пирӯзӣ ба таъхир меафтад?
Таърихи изофа : 7/7/2016 6:58:37 PM
Bookmark and Share              Balatarin

Суннӣ Нюз: Мумкин аст раванди пирӯзӣ ба таъхир афтад, ё ба кундӣ пеш биравад барои касоне, ки ба онҳо зулму ситам шуда ва ба ноҳақ ва танҳо ба ин хотир, ки гуфтаанд: “Парвардигори мо Аллоҳ аст”, аз хона ва кошонаи худ ихроҷ шудаанд... чӣ басо ин кундӣ дар пирӯзӣ аз рӯйи ҳикмате бошад, ки Худованди мутаол ирода намудааст.

Ва гоҳе раванди пирӯзӣ ба таъхир меафтад, ё ба кундӣ пеш меравад, ба ин далел, ки бунёни уммати исломӣ ҳанӯз ба ҳадди пухтагӣ нарасидааст ва ҳанӯз ба ҳадди камол нарасидааст ва ҳанӯз нерӯҳоят ҷамъ нашуда ва ба сатҳи матлуб аз нерӯ нарасидааст ва тамоми сулулҳоят омода ва муҷаҳҳаз нагаштааст, то болотарин ва охиртарин ҳадди нерӯҳо ва тавоноиҳояш шинохта шаванд, ба тавре, ки агар дар ин замон ба пирӯзӣ ва тамакуне даст ёбад, ба хотири қудрат надоштан бар посдорӣ аз он дар муддати тӯлонӣ хеле зӯд онро аз даст медиҳад.

Гоҳе раванди пирӯзӣ ба таъхир меафтад, ё ба кундӣ мегарояд, то уммати исломӣ охирин мизони нерӯе, ки дар тавон доранд ва охирин дороӣ ва андухтаҳое, ки дорандро базл ва харҷ намоянд ва ҳар чии дӯстоштанӣ ва гаронбаҳоро роҳату осон дар роҳи Аллоҳ сарф кунад.

Ва чӣ басо раванди пирӯзӣ ба таъхир меафтад, ё ба кундӣ гом мениҳад, то уммати исломӣ тамоми нерӯ ва энержии худро таҷриба кунад, то пай бибарад, ки ин нерӯҳо ба танҳо ва бидуни такя бар Аллоҳи мутаол тазминкунандаи пирӯзӣ намебошад, балки пирӯзӣ танҳо аз ҷониби Аллоҳ фуруд меояд, онгоҳ, ки  тамоми он чӣ дар тавон дорадро сарф мекунад ва баъд аз он амрро ба Аллоҳи мутоал вогузор менамояд.

Ва мумкин аст раванди пирӯзӣ ба таъхир ба афтад, ё ба кундӣ пеш биравад, то, ки уммати исломӣ бештар ба Аллоҳи мутаол иртибот барқарор кунад ва дар он ҳол, ки ранҷ мебарад ва дард мекашад ва базлу бахшиш менамояд, ҳеҷ пуштибон ва такягоҳе ҷуҳ Аллоҳи мутаол намеёбад ва дар сахтиҳо танҳо ва танҳо ба Аллоҳи мутаол рӯ меоварад ва ин иртибот дар воқеъ нахустин замонат-кунандаи пойдории ӯ бар ҳамин барнома ва масир аст, баъд аз пирӯзие, ки бо изни Аллоҳи мутаол ҳосил мешавад, тарве, ки на саркашӣ ва тӯғён мекунад ва на аз ҳаққу адолат ва хайре мунҳариф мегардад, ки Аллоҳи мутаол ба василаи он пирӯзаш намудааст.

Ва чӣ басо раванди пирӯзӣ ба таъхир меафтад, ё бо кундӣ мувоҷеҳ мешавад, ба ин далел аст, ки уммати ислом ҳанӯз мунҳасиран мубориза ва бахшишу фидокориҳои худро дар хидмати Аллоҳи мутаол ва даъвати Ӯ дарнаёвардааст, ба гунае, ки ё барои ба даст овардани мол ва ғанимат меҷангад, ё аз рӯйи таъссуби шахсӣ вориди ҷанг мешавад, ё аз рӯи шуҷоат дар баробари душманон ба ҷанг мепардозад..

Дар ҳоле, ки Аллоҳи мутаол мехоҳад ҷиҳод танҳо барои Ӯ ва дар роҳи Ӯ бошад ва дӯр аз тамоми тамоюлоти ғолиб бар инсон.

Ва аз Расули Аллоҳ (с) пурсидан: “як ба хотиир ғанимат, дигаре аз рӯйи шуҷоат ва фарде ба хотири риё меҷангад, кадоми инҳо дар роҳи Аллоҳ ба шумор меравад?, Расули Аллоҳ (с) фармуд: “من قاتل لتكون كلمة الله هي العليا، فهو في سبيل الله”, “Касе, ки барои эълои калимаи Аллоҳ биҷангад, ӯ муҷоҳиди роҳи Аллоҳ аст”.

Ҳамчунин гоҳе раванди пирӯзӣ ба таъхир меафтад, ё ба кундӣ мегарояд, бадин хотир аст, ки дар лобалои бадӣ ва шарре, ки уммати ислом бо он мубориза мебарад, миқдори хӯбӣ ва хайре боқӣ мондааст, бинобарин Аллоҳи мутаол мехоҳад хайру хӯбиро аз шарру бадӣ берӯн кашад, то он чӣ мемонад комилан шарри холис бошад ва сипас шарри таку танҳо аз байн биравад ва заррае аз хайр ҳам дар он набошад, ки ҳеҷу беҳуда нобуд гардад.

Ва мумкин аст раванди пирӯзӣ ба таъхир биафтад ва ё дӯчори кундӣ шавад, ба ин далел, ки ботиле, ки уммати мусалмон бо он ба мубориза мепардозад, ҳанӯз инҳирофаш комилан барои мардум ошкор нагаштааст, тавре, ки агар дар ин ҳангом мӯминон бар он тасаллут ёбанд, мумкин аст касе, ки фиреби ботилро хурдаанд, ба ёрӣ ва кӯмаки ботил биштобанд, чаро, ки ҳанӯз қонеъ нашудааст, ки он ботил дорои фасод аст ва ҳатман бояд нобӯд гардад...

Бинобарин пайваста дар даруни афроди бегуноҳе, ки ҳақиқат барояшон ошкор нагаштааст, решаҳояш боқӣ мемонад, дар натиҷа Аллоҳи мутаол ирода менамояд, ки ботил боқӣ бимонад, то чеҳраи воқеъи он комилан барои мардум ошкор шавад ва расво гардад ва дигар касе барои нобӯдии он таассуф нахурад.

Ва чӣ басо раванди пирӯзӣ ба таъхир меафтад ва ба кундӣ пеш меравад, бадин хотир, ки муҳит ҳанӯз шоистагии истиқбол аз ҳаққу хайр ва адолатро надорад, ки уммати мусалмон онро ба тасвир мекашанд ва онро намояндагӣ мекунад, ба гунае, ки агар уммати мусалмон дар ин замон ба пирӯзӣ даст ёбад, бо мухолифат ва ситез аз ҷониби муҳити бесубот ва нопойдор мувоҷеҳ мешавад, бинобарин низоъ пайваста побарҷо мемонад, то дарӯни афрод пиромӯни он омодаги истиқбол аз ҳақ пирӯзманд ва ҳифзу боқӣ гузоштани онро пайдо кунад.

Ба хотири тамоми инҳо ва ба хотири чизҳои дигаре, ки танҳо Аллоҳ медонад, мумкин аст раванди пирӯзӣ ба таъхир биафтад ва фидокориҳо ва ҷонфишониҳо чанд баробар гардад ва дардҳову ранҷҳо бештар шавад, аммо бо ин ҳол Аллоҳи мутаол аз касоне, ки имон овардаанд, дифо мекунад ва охири сари ҳам онҳоро ба пирӯзӣ мерасонад.

Дар ҳақиқат пирӯзӣ ҳазинаҳое дорад, ки бояд пардохт, баъд аз ин, ки Аллоҳи мутаол иҷозати пирӯзӣ бидиҳад ва баъд аз ин, ки асбобро бар кор баст ва баҳои онро пардохт ва пас аз ин, ки муҳити пиромӯнаш барои истиқбол ва пазиришу мондагории он омода гашт.

وَلَيَنصُرَنَّ اللَّـهُ مَن يَنصُرُهُ ۗ إِنَّ اللَّـهَ لَقَوِيٌّ عَزِيزٌ ﴿٤٠ الَّذِينَ إِن مَّكَّنَّاهُمْ فِي الْأَرْضِ أَقَامُوا الصَّلَاةَ وَآتَوُا الزَّكَاةَ وَأَمَرُوا بِالْمَعْرُوفِ وَنَهَوْا عَنِ الْمُنكَرِ ۗ وَلِلَّـهِ عَاقِبَةُ الْأُمُورِ”, “Ва ба таври мусаллам Аллоҳ ёрӣ медиҳад касонеро, ки (дини) Ӯро ёрӣ медиҳанд, бешак Аллоҳ нерӯманд ва ғолиб аст аст (он мӯминон, ки Аллоҳ ба ишон ваъдаи ёрӣ ва пирӯзӣ додааст) касоне, ҳастанд, ки ҳаргоҳ дар замин ишонро қудрат бахшем, намозро барпо медоранд ва закотро мепардозанд ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар менамоянд ва саранҷоми ҳамаи корҳо ба Аллоҳ бармегардад”.

 

Нигоранда: Сайид Қутб

Тарҷума: Худодод Мутоипӯр

Теъдоди боздид :
61554

Bookmark and Share              Balatarin
 
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок