Хумайнӣ аз даҳаи 60 милодӣ то пирӯзии инқилоб бо Амрико дар тамос буд
Таърихи изофа : 6/7/2016 8:48:27 AM
Bookmark and Share              Balatarin

Суннӣ Нюз: Дар рӯзҳои гузашта созмони (СIA), созмони истихборотии Амрико аснодеро мунташир кард, ки нишон медиҳад Оятуллоҳ Хумайнӣ бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Ирон аз даҳаи 60 милодӣ то 1979, яъне то қабл аз тарки Фаронса ва омаданаш ба Ирон дар соли 1979 бо руасои ҷумҳури Амрико  дар тамос буд.

Ба гузориши рӯзномаи Шарқи Авсат ба нақл аз Бӣ Бӣ Сӣ форсӣ Рӯҳуллоҳ Хумайнӣ тайи ин муддат ҳадди ақал ду бор бо руасои ҷумҳури Амрико тамоси мустақим барқарор карда ва ба онҳо ваъда дода буд, ки “манофеи Амрико” ба хатар нахоҳад афтод.

Дар асноди созмони ҷосусии Амрико омадааст, ки Хумайнӣ пас аз озодӣ аз зиндон дар Ирон махфиёна номаҳоеро бо Ҷон Кенедӣ, раиси ҷумҳури вақти Амрико мубодила кардааст.

Тибқи ин аснод Хумайнӣ як бор соли 0963 бо Ҷон Кенедӣ тамос гирифта ва аз вай хостааст, ки ҳамлаи лафзии вай бар Амрико тафсир ба иштибоҳ нашавад ва ин ҳамлаи лафзӣ ҷиддӣ нест.

Бар асоси ин аснод Хумайнӣ ба ду раиси ҷумҳури Амрико замонат дода, ки манофеи ин кишвар дар Иронро ҳифз кунад.

Тибқи ин аснод бунёнгузори Ҷумҳурии Исломӣ чанд  рӯз пеш аз инқилоб, яъне соли 1979 бо Ҷими Картер, раиси ҷумҳури вақти Амрико низ тамос барқарор намудааст.

Асноди созмони ҷасӯсии Амрико, ки дар бисту ҳафтумин солгарди вафоти Хумайнӣ мунташир шуда, нишон медиҳад, ки бунёнгузори ҷумҳурии Исломии Ирон пас аз эътироз алайҳи ислоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии Шоҳ, ки ба инқилоби сафед маъруф шуд, барои барқарории иртибот бо раиси ҷумҳури Амрико талош кард.

Дар соли 1963, режими шоҳаншоҳии Ирон ба ислоҳоти густардае дар заминаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зад, аз ҷумлаи ин ислоҳот иқтисодӣ гирифтани заминҳои кишоварзӣ аз фиодалҳо ва тавзеи он байни кишоварзон буд. дар заминаи иҷтимоӣ низ барои аввалин бор ба ҳаққи раъй додани занон дар Ирон эътироф шуд.

Рӯзномаи Шарқи Авсат ба нақл аз Бӣ Бӣ Сӣ навишт: “Хумайнӣ дар он замони ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоии Шоҳ, ки хостори мусовоти ҳуқуқи занон бо мардон буд, гуфта ин “хатаре алайҳи ислом” аст.

Оятуллоҳ Хумайнӣ дар наврӯзи соли 1962 дар эътироз ба қонуни мусовоти ҳуқуқи зану мард эълони азодории умумӣ кард.

Бунёнгузори ҷумҳурии исломӣ ҳамчунин дар 19 январи соли 1979 бо Ҷими Картер низ тамос гириф. Ӯ дар ин тамос ба Картер қавл дод, ки ҳаргиз фуруши нафт ба Амрикоро мутаваққиф нахоҳад кард.

Дар муқоблил мақомоти Ирон ба ин гузориш вокуниш нишон доданд, аз ҷумла Алӣ Хоменаӣ, раҳбари кунунии Ирон бо ҳамлаи лафзӣ ба Амрико ва Англистон ин аснодро ҷаълӣ ва сохта хонд.

Ба гузориши хабаргузории Мизон, Ҳасан Иброҳимӣ, узви ҳайати илмии ҳавзаи илмӣ гуфтааст: ҳадаф аз интишори чунин асноде талош барои амрикоӣ ҷилва додани инқилоби исломии ирон аст.

Теъдоди боздид :
68293

Bookmark and Share              Balatarin
 
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок