Фиристодаи Аврупо тарроҳи аслии кӯдато алайҳи Мурсӣ будааст
Таърихи изофа : 7/6/2015 10:29:42 PM
Bookmark and Share              Balatarin

Суннӣ Нюз: Мудири кулли собиқи оҷонси байналмилалии энержии атомӣ ва муовини собиқи раиси давлати кӯдатои Миср, Албародеӣ дар изҳороте фош кард, ки “Барнординӯ Лиюн”, фиристодаи Иттиҳоди Аврупо, тарроҳи аслии кӯдатои низомӣ алайҳи дуктур Мурсӣ, нахустин раиси ҷумҳури мунтахаби Миср будааст.

Барнординӯ Лиюн дар ҳоли ҳозир фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар умури Либия аст.

Албародеъӣ гуфтааст: дар июли соли 2013 қарор бар ин буд, ки ман бахше аз муоризин бошам, аммо асосан ин суханро бигуям, ки мо ба як роҳи ҳали тавофуқии ҷомеъ муштамил бар тамоми гуруҳҳо ва тифҳои сиёсӣ ниёз доред.

Вай афзуд: он чӣ рӯх дод, комилан бар хилофи чизе буд, ки ман имзо карда будам, чизе, ки ман имзо карда будам, бар баргузории интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурӣ ва канорагирии обрумандонаи Мурсӣ аз раёсати ҷумҳурӣ ва дастёбӣ ба як роҳи ҳали ҷомеъ, ки ҷамоати Ихвонулмуслимин ва исломгороҳо низ ҷузъе аз он бошанд, таъкид дошт.

Албардоеӣ дар идома изҳор дошт: ман тарҳеро, ки Барнодинӯ тадвин карда буд, имзо кардам ва вай акнун саъй дорад ҳамон тарҳро дар Либия иҷро намояд. Аммо ҳамаи чиз баъд аз он ҳам фуру пошид ва хушунатҳо оғоз шуд, ба гунае, ки дигар ҷое барои шахсе мисли ман набуд ва дигар ҳеҷ маҷоли сиёсӣ вуҷуд надошт.

Вай афзуд: дар ҷомеае, ки ҳеҷ гуна мафҳуми равшане аз адолат ва тавофуқ нест ва фазои сиёсӣ вуҷуд надорад, ту наметавонӣ таъсиргузор бошӣ ва ман наметавонистам бахше аз он ҷомеа бошам.

Эътирофоти ҷадиди Албародеӣ парда аз асрори пушти пардаи кӯдатои низомӣ алайҳи дуктур Мурсӣ бардошта, ба  гунае, ки мушаххас мешавад ғарбиҳо, секуларҳо ва низомиён муддатҳо барои ин кӯдато барномарезӣ карда ва ҳатто чандин тавофуқнома ҳам дар ин замина имзо карда буданд.

Ин эътирофот ҳамчунин нишондиҳандаи мизони нафрат ва душмании ғарбиҳо, ки худро қофиласолори инсондӯстӣ мехонанд, нисбат ба ҷараёнҳои исломӣ ва мусалмонон аст.

Теъдоди боздид :
102089

Bookmark and Share              Balatarin
 
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок