Озодсозии як пойгоҳи низомӣ дар Забадонӣ
Таърихи изофа : 7/4/2015 5:10:07 PM
Bookmark and Share              Balatarin

Суннӣ Нюз: Манобеи инқилобиёни Сурия аз кушта шудани беш аз 30 тан аз аъзои гуруҳи терористии Ҳизбуллоҳи Лубнон дар Ҳалаб хабар дод.

Баталёни Абӯаммора бо интишори гузорише хабар додааст, ки сарбозони ин баталён тавонистаанд бо истифода за маводи мунфаҷира ва коридани он дар роҳи корвони мошинҳои Ҳизбуллоҳ беш аз 30 тан аз аъзои Ҳизбуллоҳро кушта ва теъдоди дигареро захмӣ намоянд.

Ин хабар дар ҳоле матраҳ мешавад, ки инқилобиёни Сурия аз озодсозии пойгоҳи низомии Шаллоҳ дар наздикии Забадонӣ хабар доданд. Фаъолони Сурия гуфтанд, ки дар ин пойгоҳи низомӣ, ки теъдоде аз сарбозони баъсии Асад ва аъзои гуруҳи терористии Ҳизбуллоҳи Лубнон дар он мустақар буданд, ҳашт тан аз аъзои Ҳизбуллоҳ ва теъдоди дигаре аз низомиёни баъсии Асад тавассути инқилобиҳои Сурия кушта шуданд.. дар ин ҳамлаи ғофилгиронаи инқилобиёни Сурия 13 тани дигар аз низомиёни баъсии Асад ва Ҳизбуллоҳи Лубнон низ захмӣ шуданд.

Аз сӯи дигар гузориш шудааст, ки дар асари инфиҷоре дар масҷиде дар шаҳри Райҳо дар атрофи Идлиб теъдоде аз ғайринизомиёни Сурия кушта шудаанд. Дар байни кушташудагон теъдоде аз аъзои Ҷабҳаи Нусра низ мушоҳида шудааст. Ҳанӯз фард ё гуруҳе масъулияти ин инфиҷоро бар ӯҳда нагирифтааст. Эҳтимол меравад ин ҳамла аз суи аносири вобаста ба низоми Асад сурат гирифтааст.

Теъдоди боздид :
42766

Bookmark and Share              Balatarin
 
Friday 13 May 2016 06:05:34 GMT
Abdulloh 
Бародар, доиш чу пайдо намешуд, хамин чуреки гуфти мешуд. Ислом факат аз махбас озад Кардани бандагон нест.
Sunday 5 July 2015 06:07:58 GMT
банда  
хамон касоне ки доишро махкум мекунанд кучоанд пеш раванд мо аз пасашон равем ба фаластин ё сурия . агар на хомуш истанд . ин доиш аст ки баъди оход кардани ахли суннат аз зиндонхо зиндонро пурра нобуд мекунанд
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок