Муҳаммад Алӣ Ҷаъфарӣ, аз судури инқилоби шиагароёӣ дар минтақа хабар дод -ифшои санади маҳрамонаи барномаи панҷоҳсолаи суннизудоӣ-
Таърихи изофа : 11/30/2014 6:51:50 AM
Bookmark and Share              Balatarin

Суннӣ Нюз: Муҳаммад Алӣ Ҷаъфарӣ, фармондеҳи куллӣ Сипоҳи Посдорони Ирон субҳи ҷаҳоршанбеи гузашта дар иҷтимои мавсум ба “шукуҳи муқовимат” дар Кирмон бо баёни ин, ки инқилоби исломӣ дар ҳоли густариш аст ва аз дастовардҳои бузурги он, судури тафаккури муқовимат ва истодагарӣ ба кишварҳои мухталиф аст, тасреҳ кард: “агар тафаккури истодагарӣ ва муқовимат ба кишварҳои монанди Сурия ва Ироқу Лубнон содир намешуд, маълум буд сарнавишти ин кишварҳо чӣ мешуд”.

Ба гузориши хабаргузории Калима Ҷаъфарӣ баён дошт: “инқилоби Яман бидуни ин тафаккур ба пирӯзӣ намерасид, лизо аз инки режими Амрико ва режими ишғолгари саҳюнистӣ тамоми аҳдофи шумашон алайҳи миллати мо ба натиҷа нарасад, ба хотири ҳамин муқовимат аст.

Вай дар идома баён дошт: “мардуми мо ин фишорҳоро таҳаммул мекунанд ва рӯи шиори аслии инқилоб ки ҳамон “зери бори зӯр намеравем” истодагарӣ мекунанд, зеро ин шиор баргирифта аз мабонии эътиқодӣ ва баргирифта аз ошурост.

Суҳбатҳои Ҷаъфарӣ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки пештар мақомҳои низомӣ ва амниятии Ирон дахолатҳои худ дар кишварҳои ҳамҷаворро рад мекарданд, аммо дар моҳҳои ахир фармондеҳони низомии Ирон аз дахолатҳои ошкори худ дар кишварҳои ҳамсоя ба унвони сипари муқовимат дар баробари саҳюнизм ва Амрико ёд мекунанд.. ин дар ҳолест, ки уламо, сиёсатмадорон ва кишварҳои исломии минтақаи Ховари Миёна мегӯянд:  дахолатҳои режими Ирон дар Ироқ, Сурия, Яман ва Лубнон бо кумаки Амрико ва Британия барои барҳам задани ваҳдати уммати исломӣ ва ҷанги мазҳабӣ дар кишварҳои исломӣ анҷом мегирад.

Пештар мақомоти давлатии Ирон аз ҷумла Муҳаммад Аҳмади Нажод ва масулини амниятии давлати оқои Хотамӣ эътироф намуда буданд, ки ишғоли Ироқу Афғонистон бо кумаки масулони амниятии Ирон сурат гирфтааст. Онҳо эътироф карда буданд, ки Ирон нақши калидӣ дар ин ҷангҳо бо Амрико ва Британия доштааст. Бо вуҷуди равобити пинҳони режими Ирон бо қудратҳои ғарбӣ, аммо дар адабиёти  расмии ин режим аз Амрико ба унвони шайтони бузург ёд мешавад.

Таҳлилгарони огоҳу мустақил муътақиданд шиорҳои “озодии Қудс” ва зидди империалистии режими Ирон барои фиреби афкори умумӣ  ва нуфуз дар дунёи ислом ва масрафи дохилии кишар Ирон сурат мегирад.

Режими Ирон аз оғози инқилоби мардумии Сурия ба ҳимоят аз режими Асад пардохтааст ва ин режимро аз ҷумлаи сипари муқовимат ва мухолифони ин режимро амрикоӣ ва терорист мехонад. Дар ҷанги дохилии Сурия беш аз 200 ҳазор мусалмони Сурия тавассути режими Асад ва гуруҳҳои терористии Сипоҳи Қудси Ирон ва баталёнҳои вобастааш кушта шудаанд.

Таҳлилгарони минтақа бар асоси санади маҳрамонаи “барномаи панҷоҳсолаи суннизудоии режими Ирон” ва дигар шавоҳиди айни муътақиданд режими Ирон бо нақшаҳои аз пеш таъйиншуда ва шиорҳои ба зоҳир исломӣ кӯшиш дорад, то тудаи мардумро фиреб диҳанд, то битавонанд дар тамоми кишварҳи минтиқа нуфуз намоянд.

Дар даҳаи аввали инқилоб, фаъолони мазҳабӣ, сиёсии Аҳли Суннати Ирон санади маҳрамонаеро аз вазорати Иттиллооти Ирон кашф намуда, ки дар он санад дурнамои режим барои барҳам задани амниятҳои кишварҳои суннимазҳаб ва тарвиҷи ташаюро шарҳ медиҳад.

Фаъолони Аҳли Суннат ин санадро ба забони арабӣ тарҷума намуда  ва онро ба аксари уламо ва кишварҳои исломӣ ирсол намудаанд, аз инрӯ ағлаби кишварҳои исломӣ аз нақшаҳои режими Ирон огоҳ мебошанд.

Лозим ба зикр аст ин санад дар забони арабӣ бо унвони “Алхутул-алхамсиния алсафавия” ёд мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Калима ин санад, ки дар даҳаҳои аввали инқилоб кашф шуда буд, аз ин қарор аст:

Агар мо натавонем инқилоби худро ба мамолики мусалмоннишини атроф содир кунем, бешак фарҳанги онҳо, ки омехта бо фарҳанги ғарб мебошад, ба мо хоҳанд тохт ва моро мағлуб хоҳанд кард....

Холо, ки бо ёроии Худованд ва фидокории уммати қаҳрамони имом пас аз чанд қарн бори дигар ҳукумати исноашарӣ дар Ирон ба зуҳур расидааст, бинобар раҳнамудҳои раҳбарони олиқадри ташаю, вазифаи бас сангин ва хатарнок ба уҳда дорем, ки он судури инқилоб аст ва инро бояд бипазирем, ки ҳукумати мо гузашта аз ҳифзи истиқлоли кишвар ва ҳуқуқи миллат, як ҳукумати мазҳабист ва судури инқилоб дар раъси тамоми умур бояд қарор бигирад. Аммо бо таваҷҷуҳ ба мавкеъияти феълии ҷаҳон ва қонунҳои ба истилоҳ байнамилалӣ, судури мустақими инқилоб ғайри мумкин ва шояд ҳам бо хатарҳои вайронгар ҳамроҳ бошад, ба ҳамин хотир мо тайи се ҷаласа бо орои қариб ба иттифоқи ширкаткунандагон ва аъзои ситод, як барномаи панҷоҳсола, ки шомили панҷ барномаи даҳсола мебошад, тарроҳӣ намуда, то ин инқилоби исломиро ба тамоми кишварҳои ҳамсоя содир ва Исломро якпорча намоем. Зеро хатаре, ки аз тарафи ҳуккоми суннӣ пеши моро  таҳдид мекунад, бисёр бештар ва болотар аз хатарест, ки аз тарафи шарқу ғарб мутаваҷҷеҳи мост. Зеро онҳо мухолиф бо наҳзат ва душманони бунёдини вилояти фақеҳ ва имомони маъсум мебошанд. Ҳатто таъйини мазҳаби ташаюро ба унвони мазҳаби расмии кишвар дар қонуни асосӣ, мухолифи шаръ ва урф медонанд ва  Исломро ба ду шохаи мутазод табдил намудаанд. Ба ҳамин хотир нахуст мо бояд дар тамоми манотиқи суннинишини дохилӣ, маҳсусан шаҳрҳои марзии кишвар нуфузи худро бештар намоем. Масоҷиду ҳусайнияҳро афзоиш диҳем ва маросими мазҳабиро бо ҷиддияти бештаре баргузор кунем ва дар шаҳрҳое, ки байни навад то сад дар сад суннинишин ҳастанд, имконотеро фароҳам намоем, то идаи зиёде аз шиаён аз шаҳрҳо ва рустоҳои дохилӣ ба манотиқи суннинишин куч кунанд ва барои ҳамеша он шаҳрҳоро маҳали сукунат ва касбу кори худ карор диҳанд. Ва ин афрод бояд ғайримустақим зери ҳимояти давлат ва дастгоҳҳои идорот қарор бигиранд, то битавонанд қудрати идории шаҳрҳо ва марокизи фарҳангӣ ва иҷтимоиро бо мурури замон аз дасти шаҳрвандони қаблӣ хориҷ намоянд. Барномае, ки мо барои судури инқилоб тарроҳӣ намудаем, бар хилофи ақидаи бисёре аз нозирон бидуни ҳеҷгуна дарди сар, хунрезӣ ва ё вокуниш аз тарафи давлатҳои қудратманди ҷаҳон ба самар хоҳад расид.

Мо медонем, ки нигаҳдоранда ва гардонанадаи ҳар кишвару миллат фақат се чиз аст: аввал қудрат, ки дар дастгоҳи ҳоким қарор дорад, дуввум илму дониш, ки дар андешаи уламо ва донишмандон мебошад ва саввум чархиши иқтисод, ки дар дасти сармоядорон аст. Агар мо битавонем дар дастгоҳи ҳокимот тазалзул эҷод кунем, байни давлатмардону олимон эҷоди  нифоқ кунем ва сармоядорони ҳар кишварро мутафарриқ сохта, сармояи онҳоро ба сӯи кишвари худ ё кишварҳои дигари ҷаҳон сарозер гардонем, бешак муваффақияти чашмгире ба даст хоҳем овард ва ин се мавриди муҳимро аз онҳо салб хоҳем кард, бақияи мардум ҳам, ки байни ҳафтод то ҳаштод дар сади ҷамъияти ҳар кишварро ташкил медиҳанд, тарафдори қудрат ҳастанд ва барои гузарони зиндагӣ ба дунболи обу нон ва маскан мебошанд ва аз шахс ё ашхоси ҳимоят хоҳанд намуд, ки қудрат дар дасти онҳо бошад.

Ҳамсоягони суннӣ ва ваҳҳобии мо иборатанд аз: Туркия, Ироқ, Афғонистон, Покистон ва теъдоде аз кишварҳои амирнишини дар ҳошияи ҷануби Ирон, ки зоҳиран бо ҳамдигар мутаҳид, вале дар ботин мухолифи ҳамдигаранд.

Ин минтақаи стротежӣ дар тули таърих, чӣ дар гузашта ва чӣ ҳоли ҳозир, бисёр боаҳамият буда ва аз назари сухтрасонӣ гулугоҳи кураи замин ба шумо меравад ва нуқтаи ҳасостар аз ин дар ҷаҳон вуҷуд надорад. Ҳокимони ин кишварҳо аз фуруши нефт беҳтарин имконоти зиндагиро дар ихтиёр доранд. Ҷамъияти ин кишварҳо аз се гуруҳ ташкил шудааст, гуруҳи аввал афроди бадавӣ ва саҳронишин ҳастанд, ки ҳузури онҳо дар ин сарзаминҳо ба садҳо сол пеш мерасад. Гуруҳи дуввум муҳоҷироне ҳастанд аз ҷазираҳову бандарҳое, ки имрӯза ҷузъи хоки кишвари мо ба шумор мераванд, ҳиҷрати онҳо аз замони Шоҳ Исмоили Сафавӣ оғоз шуд, то замони Нодиршоҳи Афшор, Каримхон Занад, подшоҳони Қочору Паҳлавӣ ҳамчунон идома дорад. Ва баъд аз пирӯзии инқилоби исломӣ низ каму беш муҳоҷиратҳои пароканда ба чашм хурдааст. Гуруҳи саввум аз дигар кишварҳои арабӣ ва иддае ҳам аз шаҳрҳои дохилии Ирон мебошанд. Корҳои тиҷорӣ, бозаргонӣ ва ширкатҳои сохтмонӣ бештар ба афроди ғайрибумӣ таъаллуқ дорад. Ҷамъияти дохилии он кишварҳо аз иҷораи баҳои сохтмону харид ва фуруши амлок касби даромад мекунанд.. фасоди иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва анҷоми корҳои зидди исломӣ ба вуфур намоён аст ва умри бештари сокинон он сарфи аёшӣ ва лаззатҳои дунявӣ мегардад. Бисёре аз онҳо тарси хароб шудани кишварашон дар кишварҳои аврупоӣ ва амрикоӣ, хусусан Ҷопон, Англистон, Свид ва Свис иқдом ба хариди опортмонҳ, саҳоми корхонаҷот ва сармоягузориҳои дигар намудаанд.

Мо барои иҷрои ин барномаи панҷоҳсола ибтидо бояд бо тамоми кишварҳои ҳамсоя дӯстӣ ва иртиботу эҳтироми мутақобил барқарор созем, ҳатто бо Ироқ пас аз хотимаи ҷанг ва сарнагунии Садом Ҳусайн равобити ҳасана барқарор хоҳем намуд, зеро аз пой даровардани ҳазор дӯст ба андозаи як душман дардисар надорад. Чун равобити фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодии мо бо онҳо барқарор шавад, бешак муҷиби ҳиҷрати гуруҳе аз ирониён ба он кишварҳо хоҳад шуд. Мо метавонем ҳамроҳ бо ин муҳоҷирин идае муҳоҷири маъмур, ки зоҳиран мухолифи низом ҳастанд, дошта бошем, ки вазифаи онҳо дар анҷоми маъмурият зикр хоҳад шуд.

Фикр накунед панҷоҳ сол умри дароз аст, инқилоби мо бо як барномаи бистсола ба пирӯзӣ расид. Мазҳаби мо, ки имрӯз каму беш дар дастгоҳи идорӣ ва ҳукуматии бисёре аз кишварҳо нуфуз дорад, барномаи як рӯза ва ду рӯза набудааст. Рӯзгори  тавиле мо дар ҳеҷ кишваре аз ҷаҳон, ҳатто як корманд надоштаем, чӣ расад ба вазиру вакил ё ҳоким. Мо ворисони миллионҳо шаҳид ҳастем, ки аз вафоти Паёмбар то имрӯз ба дасти аҳриманони исломнамо хунҳояшон дар ҷуйборҳои таърих равон аст ва нахоҳад хушкид, то онгоҳ, ки ҳар кас номи Ислом бар худ дорад. Мо бояд коре кунем, то мардум Алӣ ва хонадони Расули Аллоҳро бишносанд ва бар иштибоҳи аҷдоди худ эътироф кунанд ва фақат ташаюъро ба унвони вориси ростини Ислом бишносанд. Дуруст аст, ки мо дар он даврон набудаем, вале аҷоди мо буданд ва зиндаги имрузаи мо самараи фикр, андеша ва талоши онҳост. Шояд ҳам дар оянда мо набошем, аммо инқилоб ва мазоҳиби мо, хоҳад монд. Барои анҷоми ин вазифаи мазҳабӣ фақат гузаштан аз ҷон ва нону хонаҳоямон кофӣ нест, барномаи саҳеҳ лозим аст, тарҳо бояд ба кор гирифта шавад, ҳатто аз агар панҷсадсола бошад, чӣ расад ба панҷоҳ сол.

1.     Дар Афғонистон, Покистон, Туркия, Ироқ ва Баҳрайн мо аз назари тарвиҷи мазҳаб мушкиле надорем, барномаи дуввуми даҳсоларо дар ин панҷ кишвар барномаи аввал қарор хоҳем дод. Пас вазоифи маъмурони муҳоҷири мо дар дигар кишварҳо дар даҳаи авввал фақат 3 чиз аст: ибтидо хариди моликият, хона ва опортмон ва эҷоди шуғлу имоконоти зиндагӣ барои ҳамкешони худ, ки дар он хонаҳо зиндагӣ кунанд ва ҷамъиятро боло бибаранд. Дуввум иртибот ва барқарори дӯстӣ бо сармоядорони бозорӣ ва кормандони идорӣ, махсусан ашхоси саршинос ва афроде, ки дар дастгоҳҳои давлатӣ нуфузи шоён доранд. Саввум дар бархе аз ин кишварҳо рӯстоҳои кӯчаке ба таври пароканда дар дасти эҷод ва тарҳи даҳҳо русто ва шаҳраки дигар дар ҳоли нақшабардорӣ мебошанд. Ин хонаҳоро то ҳадди имкон харид намоянд ва бо қимати муносиб ба афрод ва ашхосе, ки амлоки худро дар марокизи шаҳрҳо фурухтаанд, бифурушанд ва ба ин тартиб шаҳрҳои пурҷамъиятро аз дасти онҳо берун биёваранд.

2.     Зимни ташвиқи мардум ба хотири эҳтиром ба қонун ва итоат аз муҷриёну маъмурони ботавозуъ барои барқарории маросиси мазҳабӣ ва доир намудани масоҷид  ва ҳусайнияҳо аз масъулон иҷозатномаи катбӣ дарёфт намоянд, чаро, ки ҳамин иҷозатномаҳо дар оянда ба унвони санад матраҳ хоҳад шуд. Барои эҷоди ҷои корҳои озоди бештар бояд ба фикри маконҳои пуртаҷамуъ буд, то бишавад дар мавқеъҳои ҳассос онҷоҳоро маркази баҳсу гуфтугӯ қарор дод. дар ин ду давра саъйи бештари афрод он бошад, ки бо истифода аз дӯстон ва тақдими ҳадяҳои гаронбаҳо, гузарномаи кишвари маҳали иқомати худро дарёфт кунанд ва ташвиқи ҷавонон барои иштиғол дар идораҳои давлатӣ, маҳсусан корҳои низомӣ бошанд. Дар нимаи дуввум ин даҳа зимни ташвиқи маҳрамона ва ғайримустақими уламои суннимазҳаб ва ваҳобӣ барои ҷилавгирӣ аз фасоди иҷтимоӣ ва корҳои зидди исломӣ, ки дар он кишварҳо фаровон ба чашм мехурад, эъломияҳои эътирозомезе аз  тарафи бархе аз мақомоти мазҳабии дигар кишварҳо чопу мунташир намоянд, ки бешак муҷиби барангехтани идаи зиёде аз миллати он кишвар хоҳанд  гардид, то ин, ки мақоми мазҳабии мазкурро дастгир намоянд, ё ӯ навишати худро такзибу инкор кунад. Дар ин сурат амвоҷи ҳимояти мазҳабиён аз он эъломияҳо боло хоҳад гирифт ва аъмоли машкуке ба вуқуъ хоҳад пайваст, ки мунҷар ба таъвиз ё дастгирии идае аз ходимон хоҳад шуд ва ҳамин мавзуот боис мегардад, то ҳокимон ба тамоми афроди мазҳабии худ бадбин шаванд ва барои таблиғоти мазҳабӣ ва сохтани амокини корӣ анҷом надиҳанд. Ҳатто суханрониҳо ва баргузории маросиси динӣ ва мазҳабиро низ ба зарари  низоми худ талаққӣ хоҳанд намуд. Ҳатто суниҳо ва ваҳҳобиҳои дохилӣ, пойгоҳи пуштибонии худро аз даст хоҳанд дод ва дигар ҳеҷ гуна ҳимояти хориҷӣ нахоҳанд дошт.

3.     Дар давраи саввум, ки дӯстии идае аз маъмурони мо бо сармоядорону кормандони олирутба ба субот расидааст, ва иддаи зиёде ҳам дар дастгоҳҳои низомӣ ва иҷроии кишар ба кор содиқона машғулият доранд ва дар умури мазҳабӣ дахолате надоранд, беш аз пеш таваҷҷуҳи давлатмардонро ба худ ҷалб хоҳанд намуд ва дар ин давра, ки байни мазҳабиҳо ва дастгоҳи ҳоким ихтилофот ва тафриқа ба чашм мехурад, иддае аз рӯҳониёни машҳури мо вазифа доранд, зимни баргузории маросими мазҳабӣ аз ҳокимони он кишварҳо ҳимоят намоянд ва ҷамъияти ташаюро бехатар ҷилва диҳанд. Ҳатто агар имкор дошта бошад ин ҳимоятҳоро низ аз роҳи расонаҳои умумӣ ба гуши ҳамагон бирасонанд, тавре, ки ҷалби таваҷҷуҳ ва ризояти онҳоро фароҳам намоянд, то дар вогузории пустҳои муҳими идорӣ, ваҳшате надошта бошанд. Дар ин давра бо таҳаввулоте, ки дар бандарҳову ҷазираҳо ва дигар шаҳрҳои марзии кишварамон ва супурдаҳои бонкӣ ба вуҷуҳ хоҳем овард, тарҳое тарҳрезӣ хоҳад шуд, ки иқтисоди кишварҳои ҳамсоя дӯчори рукуд бишавад ва бешак ба хотири касби суду амният ва суботи иқтисодии бештар сармоядорон тамоми имконоти худро ба кишвари мо сарзер хоҳанд намуд. Замоне, ки барои анҷоми ҳар гуна кори бозаргонӣ ва супурдаҳои бонкии афроди дигар кишварҳоро озод бигзорем, онҳо ҳам аз сармоягузории миллат дар кишвари худ истиқбол хоҳанд намуд.

4.     Дар марҳалаи чаҳорум мо кишварҳоеро дар ихтиёр дорем, ки байни олимон ва ҳокимонашон даргирист. Туҷҷор ру ба варшикастагӣ ва фирор ҳастанд ва мардумашон парешонаҳвол ба назар мерасанд, бештари мардум амлоку хонаҳои худро ба нисфи қимат хоҳанд фурухт, то ба ҷои амнтаре сафар кунанд, дар ин миён фақат афроди мо ҳастанд, ки ҳомиёни давлат ба шумор мераванд ва ин афрод агар огоҳона амал  намоянд, ба хубӣ қодир хоҳанд буд пустҳои муҳими кишварӣ ва низомиро соҳиб  хоҳанд шуд ва фосилаи худро бо ҳокимони дастгоҳи ҳоким наздиктар созанд, дар чунин мавқеъ ба хуби мешавад хидматгузорони мухлиси онҳоро хиёнаткор муаррифӣ намуд, ки сабаби дастгирӣ ва барканории онҳо ва ё ҷойгузинии афроди мо хоҳад шуд. Худи ин мавзуъ боиси ду натиҷаи мусбат мешавад: яке он, ки афроди мо беш аз пеш эътимоду имтимони давлатмардонро ба худ ҷалб хоҳанд намуд, дуввум ин, ки норизоятии умумии суниён алайҳи давлат ва ҳоким ба хотири ба қудрат расидани шиаён дар идораҳо ошкор хоҳад гардид ва аъмоли зидди давлатӣ бештар аз худашон нишон хоҳанд дод. дар ин марҳала афроди мо боз ҳам бояд дар канори ҳоким биистанд ва мардумро ба сулҳу оромиш даъват намоянд ва аз тарафи дигар амлоку хонаҳои афроди дар ҳоли гурезро харидорӣ намоянд.

5.     Дар даҳаи панҷум замина барои оғози як инқилоб омодааст, зеро мо он се мавриди аслиро, ки осоиш ва оромию амният буд, аз онҳо гирифтаем ва дастгоҳи ҳоким монанди киштии туфонзадае мемонад, ки ҳар вақт эҳтимоли ғарқ шуданаш меравад. Дар чунин мавқеъе ҳар пешниҳодеро барои наҷоти ҷон хоҳанд пазируфт. Дар ин давра ба василаи афроди саршинос ва қобили эътимод пешниҳоди ташкили як маҷлиси мардумиро барои хомӯш гардондани авзоъ, назорат бар идораҳо ва контроли кишар ба ҳокимон хоҳем дод.  Дар ин сурат бидуни ҳеҷ тардиде мавриди қабул воқеъ хоҳад шуд ва кондидҳои мо бо аксарияти оро курсиҳои маҷлисро ба даст хоҳанд овард.

Ин мавзуъ муҷиби фирори бозаргонон, олимон ва ҳатто хидматгорони воқеъӣ хоҳад гардид ва мо бидуни ҳеҷ ҷангу кушторе хоҳем тавонист инқилоби исломиро ба бисёре аз кишварҳо содир кунем. Агар ин равиш дар даҳаи панҷу ҳам ба самар наяфтод, мешавад бо инқилобҳои исломии мардумӣ қудрати ҳокимонро салб намуд. Ҳар чанд ба зоҳир афроди мо аҳлу сокин ва ё мутавалиди он кишварҳо ҳастанд, аммо мо ба хубӣ вазифи худро дар баробари Худованду дин ва мазҳабамон ба анҷом расондаем ва онгоҳ метавонем ба унвони аламдори ин дини илоҳӣ қиёми худро дар тамоми кишварҳо ошкор созем ва бо қудрати бештаре ба сӯи ҷаҳони куфр қадам ниҳем ва то зуҳури Маҳдии мавъуд ҷаҳонро ба нури Ислом ва ташаюъ музайян намоем. 

Теъдоди боздид :
147867

Bookmark and Share              Balatarin
 
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок