Розҳои зиндагии Хоменаӣ аз забони Муҳсини Махмалбоф
Таърихи изофа : 4/4/2013 9:59:33 PM
Bookmark and Share              Balatarin

Суннӣ нюз: Гузориши корманди Байти раҳбарӣ ва вазорати иттилоот, ки ба хориҷ аз кишвар фирор кардаанд.

«Навиштаи ҳозир иттилоотест, ки аз тариқи корманди собиқи Байти раҳбарӣ ва вазорати иттилоот, ки ба хориҷ аз кишвар (Ирон) гурехтаанд, барои ман бозгӯ шудааст ва ман танзими матни онро ба ӯҳда доштаам». Муҳсини Махмалбоф.

Муқаддима: Хоменаӣ фардест, ки дар чанд даҳаи гузашта, бештарин таъсирро бар зиндагии умумӣ ва ҳатто хусусии ирониҳо, пас аз Шоҳ ва Хумаймӣ доштааст. Ӯ касест, ки беш аз ҳар касе аз тариқи системҳои иттилоотияш дар бораи ину он, медонад; аммо камтар касест, ки аз ҷузъиёти хона ва хонавода ва иртиботот ва алоқаҳои шахси ё наҳваи кори ӯ, бо хабар бошад. Ин роздории ифротӣ аз сӯи худи ӯ ва системааш амдӣ будааст. Дар роз будан, аз ӯ як харизматики муқаддас барои тарафдоронаш, як чеҳраи мухавваф барои мардум сохтааст.

Матлаби ҳозир мекушад аз тариқи манобеи дасти аввал, воқеияти Хоменаиро он чуноне, ки воқеан ҳаст, бишиносонад. Ин шиносоӣ ба дур аз ибрози нафратҳои мутадовили ин рӯзҳо ё шигифтҳои тарафдорони ифротии ӯст.

Барномаи рӯзонаи Хоменаӣ

- Соати 4 субҳ бархостан аз хоб ва иқомаи намози шаб

- Соати 6  то 6:20 мулоқот бо Ҳиҷозӣ (раиси дафтараш)

- Соати 6:30 то 7 мулоқот бо Ваҳид (муовини иҷрояи байти раҳбарӣ)

- Соати 7 то 8, мулоқот бо Муҷтабо (писари дуввумаш), ҳафтае се рӯз. (Муҷтабо дар сол ҳудуди 150 рӯз дар ҳавзаи илмияи Қум дарс медиҳад. Аммо дар ғайр аз ин 150 рӯз ҳар субҳ бо падараш мулоқот мекунад).

- Соати 8 то 10:30, мутолиаи парвандаҳои амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ.

- Соати 10:30 то 12, хоб ва истироҳати нимрӯзӣ.

- Соати 12 то 1, намози ҷамоат ва наҳор.

- Соати 1 то 3, мулоқотҳои зарӯрӣ (ки дар ҳар замон мутафовит аст ва бештар барои ҳалли буҳронҳо пешбининашуда аст).

- Соати 3 то 5 расидагӣ ба корҳои шахсӣ.

- Соати 5 то 8 мулоқотҳои вижа (шарҳи ин мулоқотҳо дар барномаи ҳафтагӣ ва моҳона омадааст).

- Соати 8 то 8:30 хуроки шом.

-Соати 8:30 то 9, гуш кардан ба шунавандаҳо.

- Соати 9, рафтан ба рахти хоб.

Барномаҳои ҳафтагии Хоменаӣ

- Якшанбеҳо қабл аз зуҳр, мулоқот бо фармондеҳони артиш.

- Якшанбеҳо баъд аз зуҳр, мулоқот бо фармондеҳони Сипоҳ.

- Душанбе шом, мулоқот бо раиси ҷумҳур.

- Сешанбе субҳ, мулоқот бо масъулини корҳои иқтисодии худаш (Ҳасан Хоменаӣ (бародараш), Мир Муҳаммадӣ, Муҷтабо Хоманаӣ ва Шариатамдор, вазири бозаргонӣ).

- Сешанбе баъд аз зуҳр, мулоқот бо Ҳошими  Рафсанҷонӣ.

- Чаҳоршанбе баъз аз зуҳр, мулоқот бо аъзои Шӯрои нигаҳбон.

- Чаҳоршанбешаб, бо Ҷаннатӣ шом мехурад.

Барномаи моҳона

- Мулоқот бо раиси маҷлис.

- Мулоқот бо мушовирини мазҳабӣ (касоне, ки аз Қум меоянд, монанди Муқтадоӣ ва Яздӣ).

-Мулоқот бо мушовирони дигар.

Алоқаҳои шахсии Хоманаӣ

Ғизо

Ба тавсияи пизишкон, Ховёр (икра) ва моҳии қизилолоии холқирмизи  рӯдхонаи Лор ба вай тавсия шуд, аммо рафта тафта ин ду ғизо, ҷузъи алоқаи шахсии ишон шуд. Ховёр (икра) аз Рашт тавассути имомҷумъаи  Рашт ирсол мешавад. Ҳамчунин гушти қарфовил (навъе аз паранда), ки аз Шероз тавассути оқои Ҳоирӣ фиристода мешавад. Ва масрафи гушти балдарчин (навъе аз парданда) ва шутумурғ (барои парҳез аз крестрол).

Барои контроли ғизои Хоманаӣ ва итминон аз заҳролӯд набудани он, дастгоҳе ба маблағи 500 ҳазор доллар аз Амрико харида шуда, ки бо афзудани як модда, ғизо озмоиш мешавад ва ошпаз бояд дар ҳузури муҳофизин қабл аз дигарон ғизоро бичашад.

Варзиш

Куҳнавардӣ ва аспсаворӣ. Як бор Хоманаӣ ба хотири аспсаворӣ дар соли 78 ба замин афтод ва дасташ шикаст, барои ҳамин ӯ бо як даст аспсаворӣ мекунад.

Дар сафарҳои тӯлонии дохилӣ, мисли сафар ба Машҳад, аспи махсуси Хоменаӣ ва аспи Муҷтаборо бо ҳавопаймои 330 ба маҳал мебаранд. Ҳамчунин се мошини махсуси ҳамли асп барои ҷо ба ҷоҳои наздиктар мавҷуд аст.

Аспҳо

Теъдоди аспҳо ҳудуди 100 аст, ки арзиши куллии он 40 миллилон доллар бароварда шудааст ва гаронтарини онҳо, 7 миллион доллар қимат дорад ва номи он Зулҷинон аст. Аспи Муҷтабо Саҳанд ном дорад. Барои аспҳо ду истабл (аспхона) мавҷуд аст; яке дар боғи Маликободи Машҳад ба масоҳати 10 ҳазор метр,  ки дорои 70 асп аст ва як дар Лавонистон ба масоҳати 3  ҳазор метр, ки дорои 30 асп аст.

Гада (шухиҳои ракик)

Гоҳе бо Рошиди Яздӣ (охунде, ки шӯхиҳои ракик мегӯяд), гада мекунад. Ин кор барои Хоменаӣ асбоби ханда мебошад (коре, ки Карими Шераӣ ба Носириддиншоҳ анҷом медод) ва ҳам аз тариқи шунидани шӯхиҳои ракик, ки навъе тахлияи равонии ҷомеа аст, набзи ҷомеаро мегирад. Дар ин гадаҳо, Муҳаммади Гулпоягонӣ ва Ваҳиди Ҳаққоният низ ҳузур меёбанд. Гоҳе Ҷаннатӣ ҳам даъват мешавад, ки маъмулан Ҷаннатӣ тавассути Рошид даст андохта мешавад. Муҷтабо аз гадаҳои Хоменаӣ мутанафир аст, чаро, ки худаш дар он ҷо нуфуз надорад ва дар ғиёби ӯ Рошиди Яздӣ метавонад тавсияҳои иқтисодӣ ва сиёсиро матраҳ кунад ва аз Хоменаӣ барои ину он имтиёз бигирад.

Мутолиа

Ғайр аз мутолиаи парвандаҳо ва матбуот, Хоменаӣ камтар вақте барои мутолиаи китоб дорад. Ӯ аз замони раёсати ҷумҳуриаш борҳо ба ину он гуфтааст, ки бадии пусти раёсати ҷумҳурӣ инаст, ки фурсати мутолиаро аз шахси масъул мегирад, аммо гоҳ гоҳе ба мутолиаи китобҳое, ки дар бораи руасои ҷумҳур ва раҳбарони дунё мунташир мешавад, мепардозад. Беш аз ҳама ба зиндагии даврони ­Қочор алоқа дорад ва ба вижа ба Носируддиншоҳ. Тамоми китобҳоеро, ки дар мавриди ӯ мунташир шуда, хондааст. Ҳамин тавр тамоми китобҳоеро, ки дар мавриди Шоҳ ва хонадони ӯ мунташир шудааст.

Колексиони пайп

Хоменаӣ ибтидо сигоркаш буд. Дар ҳамон авоили раёсати ҷумҳурӣ ба далели мавриди ниёзи як раиси ҷумҳур, сигорро тарк кард. Ӯ намехост акси ӯ дар ҳоли сигоркашидан мунташир шавад. Дар он замон, ки ҳанӯз бо Мӯсавӣ, нахуствазир наздик буд, ду нафарӣ тасмим ба тарки сигор карданд ва пас аз он ҳеҷгоҳ ҳеҷкадом лаб ба сигор набурданд.

Аммо пайпро аз ҳамон замон ҳифз кардааст, ва як бор акси ӯ дар ҳоле, ки пайпе бар лаб дошт, мунташир шуд. Барои ӯ тамокуи хоси пайп таҳия мешуд ва дар колексиони пайпи ӯ 200 пайп ҷамоварӣ шудааст. Тамоми шоеоти марбут ба кашидани тарёк дар мавриди ӯ дуруғ аст. Аммо дар мавриди шуарои наздик ба худ , монанди Алӣ Муаллим ва Шаҳриёру Сабазаворӣ дастӯр дода будааст, ки музоҳими тарёккашии онҳо нашаванд ва ҳатто дар мавриди Шаҳриёр супориш дода буд, ки тарёки ӯро барояш таъмин кунанд ва аз тарафи оқо ба тарафи хонааш бибаранд.

Арзиши пайпи ӯ ҳудуди 2 миллион доллар бароварда мешавад. Аксари пайпҳо барояш туҳфа оварда шудааст. Гаронтарин пайп 250 ҳазор доллар қимат дорад, ки марбут ба 300 сол пеш аст. Дастаи ин пайп тиллокӯб ва ҷавоҳири нишон аст. Баъзе аз пайпҳо тавассути руасои ҷумҳур ва раҳбарони ҷаҳон ба ӯ ҳадия дода шудааст ва дар қутии пайп номи эҳдокунанда мушаххас аст.

Колексиони ангуштарин

Дар колексиони ангуштариҳои Хоменаӣ ҳудуди 300 ангӯштарии хос ҷамоварӣ шудааст, ки 3  тои онҳо аз остони Қудс ба ӯ туҳфа дода шудааст. Гаронтарин ангуштарӣ 500 ҳазор доллар қиматгузорӣ шудааст ва қадимитарин ақиқи дунёро дорад. Ин колексионҳо дар байти раҳбарӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Колексиони асо

Дар колексиони асои Хоманаӣ то чанд сол пеш 170 асои онтик (қадим) вуҷуд дошт, ки як миллиону ду сад ҳазор доллар қиматгузорӣ шуда буд. Гаронтарин асо 200 ҳазор доллар қимат дорад, ки мутааллиқ ба 170 сол пеш аст ва ҷавоҳирнишон шудааст. Гоҳе дар мавриди хос асо, ё ангуштарӣ ё ибоеро барои ину он туҳфа мефиристад. Пас аз интихоботи ахири (1388), ки Мирҳусайн Мусавӣ кондид буд, ба дидори падараш Мусавӣ рафт ва асоеро ба вай ҳадя дод, ки иддае онро мабнӣ бар мувофиқати Хоменаӣ бо кондид шудани писари ӯ, қаламдод карданд. Дар авоили раҳбарӣ ва пас аз марги Хумайнӣ, ибоеро барои оқои Тоҳирӣ, имомҷумъаи вақти Исфаҳон фиристод, зеро аз Тоҳирӣ нақл шуда буд, ки Хумайнӣ дар ҳангоми  тамошои Хоменаӣ аз телевизион дар сафари Ҳинд гуфта буд, ки Хоманаӣ ба дарди раҳбарӣ мехурад ва ҳамин нақли қавл хубрагонро розӣ кард, то ба Хоменаӣ раъй бидиҳанд. Филми хубрагон ва ин нақли қавл дар ютуб мавҷуд аст.

Барои шуаро ва ҳунармандони худ, маъмулан сикаи тило туҳфа медиҳад. Гоҳе низ чеке ба имзои дафтари раҳбарӣ мефиристад. Гоҳ гоҳ гуруҳе аз адибони маддоҳи низом ба байти раҳбарӣ даъват мешаванд ва пас аз хондани шеър сала мегиранд (суннате, ки дар дарбони Қочор ва ба вижа дар замоин Носируддиншоҳ муд будааст).

Колексиони ибо (чодар)

Шумораи колесиони абоҳои Хоменаӣ ҳудуди 120 адад аст ва қимати кулли онҳо ҳудуди 400 ҳазор доллар аст, ки гаронтаринаш 30 ҳазор доллар меарзад. Аммо аз ҳамаи онҳо бештар ба абои сафедранг, ки гоҳе мепӯшад, алоқа дорад. Абоҳо аз пашми шутур аст.

Алоқаҳои дигар

Шоеаҳое вуҷуд дорад, ки ӯ дар ҷавонӣ тор ва ё сетор менавохтааст, дуруғ аст. Аммо дар ҷавонӣ ба мӯсиқӣ алоқа дошта ва мӯсиқии классикии Иронро мешунидааст. Садои Шаҷариёнро дӯст доштааст, аммо ба далели мавзеи сиёсӣ, Шаҷариён аз ӯ дил кандааст ва аз ӯ бадаш меояд. Баъд аз раҳбарӣ ва ба вижа ахиран мавзеи зидди мӯсиқии ӯ қавитар шуда ва дар телевизион борҳо алайҳи мӯсиқӣ сухан кардааст. Дар соли 1388 ба радио ва телевизон дастӯр додааст, ки аз ҳаҷми мӯсиқӣ кам шавад, то тарафдорони мазҳабитарашро розитар нигаҳ дорад.

Ӯ дар ҷавонӣ (ва шояд ҳам аз сари ҷавонӣ), як мошини Volkswagen сурхранг харида, бовар намекарда, ки солҳо баъд мумкин аст, дар ҳукумати ӯ баъзе барои ранги мошини худ мавриди муохаза воқеъ шаванд.

Райшаҳрӣ дар гузорише, ки аз гузаштаи Хоманаӣ барои Хумайнӣ таҳия кард, ба ду зани сиғаии ӯ дар ҷавонӣ ишора кардааст. Ин ду зан дар Машҳад зиндагӣ мекунанд.

Шеър

Алоқаи Хоменаӣ ба шеър аз ҷавонӣ шуру шуда ва то кунун идома дорад. Ӯ дар ҷавонӣ дар анҷумани шеъри Машҳад муддати тӯлонӣ ҳузур ёфтааст. Гоҳе шеър ҳам сурудааст ва бисёр дӯст дорад шуаро дар мавридаш шеър бигӯянд ва ӯ ба онҳо сала бидиҳад. Сабзаворӣ ва Алӣ Муаллим аз шоирони мусалмони мадиҳагӯӣ ӯ бо ӯ ҳашру нашри доимӣ доранд. Аз тариқи онҳо аз мушкилоти аҳли ҳунари вобаста ба низом бо хабар мешавад. Дар авоили раҳбарӣ Миршикок шоирро ҳам, ки гоҳгоҳ дӯчори ҷунуни адворӣ мешуд, низ чанд бор ба ҳузур пазируфта буд ва Миршикок аз ин, ки дар ҳангоми худоҳофизӣ гуфта буд, сайид зат зиёд ба худ меболад, (манзураш иззати зиёд аст, ки як дуои лотист). Хоменаӣ ҳар сол борҳо шуароро ба байти худ даъват мекунад, то дар ҳузури ӯ шаби шеър бигзаронанд.

Дар авоили раёсати ҷумҳурии худ аз Ихвони Солис, ки  аз наздик ӯро мешинохт, дархост кард, ки дар мадҳи инқилоб шеъре бигӯяд. Ихвони Солис дар ҷавоби ӯ гуфт: мо ҳунармандон бар ҳукуматем, на бо ҳукумат. Ин ҷумла он чунон ӯро барошуфт, ки дастӯр дод ҳуқуқи моҳонаи ӯро аз маҳали кораш қатъ карданд. Ва Ихвон пас аз он бекор шуд. Қайсар Аминпӯр дар ёдномаи Ихвон (боғи бебарге) ба ин нукта дар мақолаи худ ишора кардааст.

Хоменаӣ аз Шомилӯ (яке аз шуаро, нависанда, рӯзноманигор ва пажуҳишгари иронӣ) ба шиддат нафрат дошт ва аз ӯ бо нафрат ёд мекард, аммо ҷуръат накард ӯро тастгир ва муҷозот кунад, зеро метарсид бадноми таърих шавад. Ӯ аз подшоҳоне, ки шеърро бадӣ карда буданд, бисёр хондааст. ӯ ҷумлаи Ленинро, ки «агар як идиоложии боҳунар ҳимоят нашавад, хоҳад мурд», дар суханрониҳояш бисёр овардааст. Алоқаи ӯ ба шеър он қадар аст, ки агар сар аз сиёсат ва рӯҳоният дарнамеовард, баъид набуд ба суроғи шеъру адаб биравад. Бо ин васф ба далели машғулиятҳои фаровон, гоҳе хатоҳои фоҳиш мекунад ва бо он, ки менамоёнад, ки шеършинос аст, вақте шоири ҷавоне дар муқобили ӯ шеъре хонд, аз ӯ пурсид: ин шеър аз худатон аст? ва шоир дар посӯх гуфт: На хайр! ин шеър аз Суҳроби Сипеҳрӣ аст. (Сипеҳрӣ шоисрест, ки ин рӯзҳо дар Ирон ҳар бачаи мадрасае ҳам шери ӯро мешиносад).

Робитаи Хоменаӣ ва ҳамсару фарзандонаш

Хуҷаста ном  ҳамсари Хоменаӣ аст. Хуҷастахонум хеле зери султаи Хоменаӣ аст, вале аз бародарҳояш ҳам хат мегирад. Як бор бемористони ширкати нафти ­Қурқ шуд, то Хуҷастахонум барои зебоии шикам мавриди амали сикшан (Suction operation) (барои бардоштани чарбҳои шикамаш қарор гирад). Хуҷастахонум ба далели илтиҳоби рӯдаи бузург ду бор дар Лондон мавриди амали ҷарроҳӣ қарор гирифтааст. Муҷтабо Хоменаӣ дувуммин фарзанди Хоменаӣ рӯи падараш бисёр нуфуз дорад, аммо ҳар ҷо кам меоварад, аз тариқи модараш, Хуҷастахонум ворид мешавад.

Акнун Хуҷастахонум (дар соли 2009) ҳудуи 67 сол дорад. Яке аз бародаронаш бо Муҷоҳидини Халқ робита дошта ва ба Свеция фирор кардааст. Ӯ ғайр аз бародари фирорӣ, се бародари дигар ҳам дорад, ки гири бизнесҳои бузурганд. Ҳасан, бародари Хуҷастахонӯм ҳамакораи телевизоиони ҷумҳурии исломӣ аст. Камисиюнҳои хариди дурбин ва телевизоион SONY дар ихтиёри ӯст. Маблағи харидҳои телевизиони Ирон аз маҳсулоти SONY аъам аз дурбин ва системоҳои монтаж ва ғайра рақами болое нест. Тақрибан 50 то 60 миллион доллар дар сол, аммо мардум аз  телевизиони SONY соле 500 то 600 миллион доллар харид мекунанд, ки 7 фоизи он ба Ҳасан оқо, бародари Хуҷастахонум мерасад. Ибтидо ҳаққи инҳисори SONY марбут ба як иронӣ дар Дубай буд, ки ӯро таҳдиди карданд ва ӯ худаш аз тарс имтиёзашро лағв кард. Хуҷастахонӯм бо вуҷуди зиндагии мураффаҳи дохил, мудом нигарон аст,  он чӣ аз берӯн дар барои зиндагии онҳо дида мешавад, содда нанамояд. Ӯ се надима (ороишгар) дорад ва ҳеҷгоҳ ба ороишгоҳи берӯн аз хона муроҷиат намекунад ва бароя ороишгар аз берӯн меоваранд. Ӯ ба масаж алоқа дорад ва як хонуми кореягӣ масъули масажи ӯст.

Батӯлхонум, зани Хумайнӣ аз ӯ бадаш меояд ва муътақид аст, ки ӯ ҳам мисли шавҳараш мағрур аст ва ӯ вақте Хомеанӣ раҳбар шуд, ӯ ҳам эҳсос мекунад, валии фақеҳи занҳост.

Хуҷастахонум ибтидо худаш ошпазӣ мекард, аммо ҳоло ҳашт сол аст, ки ошпазӣ карда наметавонад ва як пирамарде, ки Сайид ном дорад, масъули хурокпазист.

Интихоби домодҳо ва арӯсҳо дар хонаи Хумайнӣ ба ӯҳдаи Хуҷастахонӯм аст. Ибтидо ӯ чанд нафар аз хонаводаҳои наздик ба байти раҳбарӣ ё уламои дараҷаи аввалро интихоб мекунад ва аз тариқи рафту омади онҳо бештар мешиносад. Баъд вазорати иттилоот, шуъбаи махсус таҳқиқотро комил мекунад ва баъд духтарон ва писарони Хоменаӣ аз байни кондидҳои модар,  ки мавриди таъйиди раҳбарӣ қарор гирифтаанд, якеро меписанданд. Ин издивоҷҳо гоҳе дӯчори мушкилоти умда низ шудааст. Дар мавриди ҳамсари Муҷтабо (духтари Ҳаддод Одил) чун бачадор мешавад, наздик буд кор ба ҷӯдоӣ бикашад. Дар мавриди Масъуд (духтари Оятуллоҳи Харрозӣ) ба далели ихтилофоти сиёсӣ кор то ҷӯдоӣ пеш рафтааст ва Савсани Харозӣ барои талоқ ба хонаи падар баргаштааст.

Дар робитаи хонаводагӣ адаб пеши рӯи дигарон адаби ҳузур комилан муроот мешавад. Масалан бачаҳо ба падари худ бобо намегуянд, балки аз вожаи «оқо», «раҳбар», «ҳазрати Оятуллоҳ» истифода мекунанд. Ва Хоменаӣ низ бачаҳояшро бидуни эҳтиром садо намекунад. Маъмулан аз забони ӯ шунида шуда «оқо Мустафо», «оқо Муҷтабо», «Оқо Масъуд», «оқо Майсам», аммо номи духтарон камтар дар мулоқотҳо бар забони ӯ ҷорӣ мешавад. Магар дар мулоқотҳои хонаводагӣ, ки бо ҳам бо номи «Бушрохонум», «Бушросодот», «Ҳудохонум», ё «Ҳудо содот», хонда мешавад.

Бачаҳо, ба вижа Муҷтабо агар пойи бахт пеш биёяд, дар мавриди чигунагии интихоби Хоменаӣ тавассути Хубрагон мегӯяд: «Хубрагон оқои Хоменаиро интихоб накард, балки ишонро кашф кард. Ишон ноиби имоми замон (!) ҳастанд ва Худо ин истеъдодро ба уламо ва хубрагон дод, то ишонро кашф кунанд».

Ин наҳваи эҳтиром дар мудирону кормандони байти раҳбарӣ низ ба ин шакл риоят мешавад, ки ҳаргоҳ касе аз дидори Хоменаӣ бар мегардад, ба ӯ мегӯянд: «Зиёрат қабул» ва касе дар дафтари Хоманаӣ ҳаққ надорад бигӯяд: ба мулоқоти оқои Хоменаӣ меравам, ё қарори мулоқот дорам, балки аз вожаи «шарафёб мешавам» ва ё «ба зиёрат меравам», истифода мешавад. Дар иҷрои ин адаб ҳузури беш аз ҳама Ҳиҷозӣ (раиси дафтари Хоманаӣ) исрор дорад.

Намози ҷамоат байти раҳбарӣ

Ҳафтае 3 ё 4 рӯз намози ҷамоат дар байт баргузор мегардад. Ҳудуди 15 нафар дар ҳар намози ҷамоат ифтихори онро доранд, ки паснамоз бошанд. 10 нафари онҳо мудирони байти раҳбарӣ ҳастанд, ки ҳамешагианд. Амо ҳар рӯз ҳудуди 4 то 5 меҳмон низ барои намози ҷамоат ҳузур доранд. Ҳузур дар намози ҷамоат сири қуфле дорад ва бозориёне, ки мушкил доранд, агар сари намози оқо ҳозир шаванд, барои ҳалли мушкили худ тавсияе аз оқо бигиранд, касбу корашон равнақ мегирад. Онҳо ҳозиранд аз қабл баҳои ин сири қуфлеро, ки ҳудуди 500 миллион туман аст, ба Ҳиҷозӣ ва Муҳаммади Гулпоягонӣ бипарзоданд. Ин пас аз намозҳо маблағи 500 миллион туманеро, ки додаанд, баъд аз тариқи суде, ки аз тавсияи оқо бурдаанд, чанд баробар ҷуброн мекунанд. Дар натиҷа муштариёти намози ҷамоати оқо, маъмулан аз аҳли бозор ҳастанд. Аз амниятиҳо касоне, ки хостори иртиқо дар вазифаи худ ҳастанд, низ дар ин намози ҷамоатҳо бисёр ширкат мекунанд.

Робитаи Хоманаӣ бо муридонаш

Вақте оқои Хоменаӣ ба Машҳад меравад ва аз як қанддон ва қандеро мебардорад, барои муридони оқо қандон матабаррик мешавад. Вақте аз ҷое мегузарад, то ба зиёрат биравад, тарадоронаш ҷои холии пои ӯро бӯса мекунанд. Филми бӯсазадан барои ҷои пойи Хоменаӣ тавассути муридонаш дар сафҳаи Ютуб мавҷуд аст. Маълум нест агар ин муридон аз ҷаласаҳои ҳазломези Хоменаӣ, ки ба ҷокҳои ракики охунд Рашид Риса меравад, бо хабар шаванд, то чӣ андоза дӯчори шок хоҳанд шуд ва оё боз ҳам қандҳои боқимондаро аз чои ӯ, ҳамон андоза барояшон мутабаррик хоҳад буд?

Ҷумлаи такрории бист сол пеши Хоменаӣ инаст: «Ин корро бикунед, аммо мардум нафаҳманд», «он корро бикунед, аммо касе нафаҳмад» ва онҳое, ки ин ҷумларо мешунаванд, медонанд, ки тамоми иқтидори байти раҳбарӣ дар сояи бехабар нигаҳ доштани мардум аз розҳои хусусии зиндагии оқои Хоменаӣ ва розҳои пушти пардаи дафтари раҳбарист.

То қабл аз намози ҷумъа, як ҳафта пас аз интихобот, Хоменаӣ масъулияти ҳеҷ чизро бар ӯҳда намегирифт ва ҳама фикр мекарданд ӯ нақши баланскунандаи қудратро дар байни ҷараёнҳои мухталиф бозӣ мекунад, аммо дар намози ҷумъа якбора ҳама чиз бармало шуд ва нақши тарафдории Хоменаӣ дар ҷараёнот сиёсӣ ва гуноҳи ӯ дар саркӯбҳо ошкор шуд.

Масъулони ҳифозати Хоменаӣ

Тими муҳофизати Хоманаӣ 200  нафар буданд, аммо гуруҳе, ки аз ӯ мухофизат мекунанд, 10 ҳазор нафаранд (ёдовари горди ҷовидони Шоҳ, ки ҳеҷ гоҳ аз он кам намешуд) дар байни ду нафаре, ки нақши асосӣ доранд, Диншиорӣ ва Ҳусайни Ҷабборӣ ҳастанд. Ин ду касоне ҳастанд, ки шабҳо пушти дари ҳуҷраи Хоменаӣ навбат мепоянд ва танҳо касоне ҳастанд, ки ҳақ доранд дар наздикии Хоменаӣ мусаллаҳ бошанд. Онҳо 30 сол аст, ки муҳофизини аслии Хоменаӣ ҳастанд. Аммо мудирони тими муҳофизат аз Хоменаӣ дар даврони мухталиф инҳо будаанд:

  1. Хусрави Вафо (раиси тими ҷонбозон)
  2. Асғарзода (намоядаи маҷлис)
  3. Мутавалин (Сипоҳ)
  4. Рамазонӣ (иттилоотти сипоҳ)
  5. Наҷот (шурои амният)
  6. Чизрӣ (дар ҳоли ҳозир ӯ масъули муҳофизин аст)

Муҳофизин наздик, ки як тим ҳастанд, 200 нафар ҳастанд ва аз наздик шоҳиди сафарҳо ва зиндагӣ дар кохҳо ҳастанд, ҳар кадом хонае доранд, ки ҳадди ақал як миллиард туман арзиш дорад ва онҳо, ки Хоменаиро бо тақво медонанд ва худ зоҳидона зиндагӣ мекунанд, дар тими муҳофизини (ҳалқаи аввал) иҷозати вуруд надоранд, то мабодо дӯчори тазод шаванд. Ҳеҷ кадом аз ин муҳофизин ва фидоиён, ҳеҷгоҳ иҷозати издивоҷ бо духтарони масъулини раддаи аввал надоранд. Ҳатто агар ошиқ ҳам шаванд. Маъмулан издивоҷҳо дар сатҳи хонаводаҳои бузурги сиёсӣ иттифоқ меафтад ва ё бо синфи рӯҳонӣ. Аммо ҳеҷгоҳ онҳо, ки бӯса бар муқаддам ва ҷойи пои Хоменаӣ ва амсоли ӯ мезананд ва аз қандони мутабарикшудаи ӯ қанд мерабоянд ва ҳозиранд худро қурбонии ӯ ишон кунанд, лоиқ набудаанд, ки бо духтаре аз ин бузургон издивоҷ кунанд.

Аз муҳофизин 500 нафар масъули муҳофизат аз хонавода ҳастанд. (як хонаводаи 40 нафар зери контроли муҳофизин ҳастанд. Арӯсҳо ва домодҳо ва духтарону писарон ва бародарону бародарзанҳо ва баъзе аз фарзандони бародарҳо ва баъзе аз фарзандони бародарзанҳо).

Интихоб шудан дар радаи муҳофизин ниёзманди убур аз се гузиниши амниятӣ аст ва замони зиёде тай мешавад, то касе битавонад дар тими муҳофизин ҷо бигирад. Ҳуқуқи муҳофизин ҳадди ақал моҳе ҳазор доллар ва ҳадди аксар 12  ҳазор доллар аст. Вақте касе ба ҳалқаи муҳофизин ворид мешавад, ба ӯ кӯмак мешавад, то дар маҳали зиндагии худ соҳиби хонае бошад ва ҳамин тавр аз як хонаи созмонӣ дар маҳали маъмурият, истифода хоҳад кард.

Аз ин даҳ ҳазор муҳофиз, ҳудуди ҳазор нафари онҳо зан ҳастанд ва маъмулан касе намедонад, онҳо муҳофиз ҳастанд.

Муроқибатҳои пизишкии Хоменаӣ

Дуктур Марандӣ, вазири беҳдошти собиқ, ҳамоҳангкунанди пизишкии оқои Хоменаӣ аст. Пизишкони дигарро Марандӣ бармегузинад ва ба вақти лозим ба болини Хоменаӣ меоварад. Зерзамини байти раҳбарӣ, як бемористони хусусӣ бо 4 дукури навбатдор дар тули  24 соат муроқибанд.

Дар сафарҳои заминӣ як бемористони сайёр ҳамроҳи Хоменаӣ аст. Ҳамчунин як афтобус- бемористоне, ки дорои утоқи ҷарроҳӣ аст, барои сафарҳои заминӣ ҳамвора ҳамроҳ аст. Барои сафарҳои парвозӣ, як ҳавопаймо- бемористон бо ду утоқи ҷарроҳӣ вуҷуд дорад.

Дар тули 30 соли гузашта, Хоменаӣ се бор амали ҷарроҳӣ доштааст; амали даст пас аз инфиҷор авоили инқилоб, амали ҷарроҳии исноашар ва амали прустот.

Ҳаргоҳ Хоменаӣ мариз мешавад, тазодҳо дар байти раҳбарӣ шиддат меёбад. Касоне, ки ҷиноят кардаанд ва метарсанд, ки вақте Хоменаӣ бимирад, мардум аз онҳо интиқом бигирад, нигарони оқибати кор мешаванд, аммо то ҳол Хоменаӣ рӯ ба беҳбуд мегузорад, дубор тамоми чизро фаромӯш мекунанд.

Хонуме, ки хоҳари қоимақоми вазорати дифо (яъне хоҳари Аҳмад Ваҳид, тахассути пизишкии занонро дорад, махсуси умури занон) пизишки ҳамсар ва духтар ва арӯсони Хоменаӣ аст.

Афсурдагӣ

Хоменаӣ солҳост афсурдагӣ дорад. Баъзе аз пизишкон иллати онро гуш кардан ба шунудҳои шабона қабл азхоб медонанд. Аз он, ҷо, ки касе алайҳи Хоменаӣ ҳарфе назада бошад, ҳарфаш арзиши шунуд надорад, пас Хоменаӣ аз тариқи шунуд, мудом дорад алайҳи худаш ҳарф мешунавад.

Хоменаӣ барои ҳифзи системаш ба таври давомдор ҳар шаб қалб аз хоб ба муддати 20 дақиқа муколимаҳои сабтшуда алайҳи худро аз забони мардум, мухолифин ва ҳатто масъулин мешунавад, ки мунҷар ба идомаи афсурдагии ӯ мешавад. Ӯ ҳар шаб қабл аз хоб ба ин натиҷа расид, ки касе ӯро дӯст надорад ва фардо субҳ дубора мардумеро мебинад, ки аз тарс, худро муриди ӯ нишон медиҳанд, то ба сарваат ва қудрат бирасанд ва ё аз хашми ӯ дар амон бошанд.

Хӯҷастахонум, ки гоҳе шунудҳоро шунида, таҳаммули чоплӯсиҳои рӯзонаи хелеҳоро надорад. Беш аз ҳар касе ба забон меоварад, ки мардуми Ирон дуруғгӯ ва чоплусу хоин ҳастанд.

Хоменаӣ гоҳе масаж мегирад. Масажир як иронӣ ҳаст, ки дуктур физиётроп аст. Ибтидо ин масаж бобати дасте, ки дар инфиҷор аз кор афтода буд, шуру шуд, аммо баъдҳо ба тавсияти пизишкони муолиҷ, бахше аз барномаҳои ҳафтагӣ шуд.

Системи шунуд

Пас аз раҳбарии Хоменаӣ, ибтидо ба муддати ду сол Аҳмад Қадириён, масъули шунуди Хоменаӣ буд. Аммо акнун ҳудуди 15 сол аст, ки Тоиб масъули он аст. Ин шунуд шомили се бахш мешавад: шунуди масъулини бузург ва шунуди масъулини амниятӣ ва шунуди мардум. Дар мавриди амниятиҳо ҳатто утоқи хоби он низ шунуд мешавад, то муроқиби хиёнати онон ба Хоменаӣ бошанд. Дар мавриди шунуди мардум барои он, ки фазои ҷомеа фаҳмида шавад, ва Хоменаӣ битавонад бо он муқобила кунад, ин шунуд анҷом мешавад. Ин шунуди саввум навъе назарсанҷии майдонист.

Шунуд ду маркази аслӣ дорад, яке дар болои Тучол ва яке дар маркази телефон.  Аммо як тиме, ки дар пушти Хоменаӣ мустақар ҳастанд, (дар хиёбони Постур) шунудҳои марбут ба Хоменаиро табақабандӣ мекунанд ва рӯзона ду сафҳа навишта ва 20 дақиқа навор дар ихтиёри Хоменаӣ мегузоранд, ки 5 дақиқа ба сурати аланӣ сабт мешавад ва худаш ҳам ба ҳозирин эълон мекунад, ки онҳоро сабт мекунад. Масалан тамоми мулоқотҳояш бо Ҳошимӣ, Хотамӣ ва Аҳмадинажод ва масъулини дигарро сабт мекунад. Шахсони аслии идораи шунуд: Тоиб ва муҳандис Ҳамид, бародари Ваҳиди Ҳақониён ҳастанд.

Бадин тартиб парвандаи пинҳони тамоми масъулин зери бағали Хоменаист ва қуввату заъфи ҳамаро медонад. Аммо камтар касе дар мавриди Хоменаӣ медонад, магар Райшаҳрӣ (ки дар замони Хумайнӣ маъмури таҳқиқ дар мавриди масъулин буд аз ҷумла Хоманаӣ) ва дар солҳои ахир ҳам Ҳиҷозӣ ва Муҳаммади Гулпоягонӣ, ки донои куллӣ шудаанд, ва дар тамоми умур розҳоро медонанд.

Райшаҳрӣ хостори тавалияти шаҳри Рай буд ва Хоменаӣ бо вуҷуди он, ки ба ин кор розӣ набуд, шаҳри Райро ба ӯ боҷ дод. Райшаҳрӣ дар замони имом се навъ иттилоотро дар мавриди тамоми масъулин, аз ҷумла Хоменаӣ барои иттилои Хумайнӣ ҷамъ мекард; иттилооти ҷинсӣ, молӣ ва сиёсӣ.

Дар заминаи сиёсӣ: ҳангоме, ки Мусавӣ нахуствазир буд ва сиёсатҳои иқтисодиаш мавриди таъйиди Хумайнӣ буд, ва Хоменаӣ бо он, ки раиси ҷумҳур буд, қонунан қудрати Мусавиро дар давлат надошт. Дар ҷаласаҳои хусусӣ аз ҳимояти Хумайнӣ нисбати Мусавӣ интиқод мекард.

Дар заминаи молӣ: дахолати Хоменаӣ дар мавриди фоизҳои фуруши нефт зери суол буд ва дар заминаи ҷинсӣ: моҷарои ду зани сиғаии ӯ дар Машҳад кашф шуда буд, ки албатта ҳеҷкадом эътимоди Хумайниро аз Хоменаӣ барнагардонд, аммо матраҳ шудани ду зани сиғаӣ дар даврони ҷавонияш метавонист ба эътибори ӯ дар сатҳи ҷомеа латма бизанад. Албатта пас аз инқилоб ҳеҷ мавриде аз занборагии ӯ дида нашуда ва ё ба ӯ нисбат дода нашудааст.

Сафарҳои Хоменаӣ

Аз 365 рӯзи сол, 100 рӯз барномаи сафари солонаи Хоменаист. Як моҳ дар тобистон ва як ҳафта дар Наврӯз ва як ҳафта дар зимистон ба Машҳад меравад, то дар кохе, ки дар Вакилобод сохтааст, иқомат кунад.  Дар рӯзҳои Наврӯз як ҳафта дар пойгоҳи ҳавоии (Дазфул) дар Хузистон, ки минтақаи хуш обу ҳавое дар он фасли сол аст, мегузаронад ва як моҳ дар шимоли Ирон. Маъмулан Зебоканор- Сорӣ- Ромсар- Бешаканон ва тамоми панҷшанбеҳо ва ҷумъаҳо дар кохи Ниёварон ё кохи Ҷамшедия ё кохи Лавосинот ба сар мебарад.

Вақте Хоменаӣ дар сафар аст, ҳар рӯз як ҳавопаймои ихтисосӣ барои гузориши корҳо меравад ва боз мегардад ва аз онҷо, ки се ҳалқаи муҳофиз атрофи минтақаи иқомати ӯро контрол мекунанд, ва тамоми муҳофизини ҳалқаи аввал ва дуввум низ, ки 1200 нафар ҳастанд, бояд сафар кунанд. Ҳадди ақали харҷи ҳар рӯзи сафари Хоменаӣ 50 миллион туман масраф дорад.

Маъмулан вақте ӯ дар Вакилобод аст, ҳавопаймои 330 аз аспи мавриди алоқаи ӯ ва аспи Муҷтабо, то сомонҳои дигари мавриди алоқаи хонаводаро бо худ мебаранд.

Гоҳе Хоменаӣ мехоҳад мисли мардуми оддӣ сафар кунад. Барои ин манзур як афтобуси зидди тир, ки 500 миллион туман нарх дорад, сохта шудааст, ки дорои ду утоқи хобу дастшӯӣ ва ҳамом аст ва ҳам чунин як ошпазхонаи кӯчак, ки Сайид, ошпази мавриди итминони Оқо дар он ошпазӣ мекунад. Искурти махфии Оқо ба сурати пинҳон афтобусро аз пасу пеш ҳамроҳӣ мекунад.

Хонаҳои Хоменаӣ

Хонаи Хоменаӣ дар Ҷаморон 200 метр буд. Хонаи аслии Хоменаӣ дар Постур 1200 метр аст. (ин хонаи 1200 метрӣ танҳо хонаест, ки ҳама аз он иттилоъ доранд).

Хумайнӣ танҳо дар як хонаи кӯчак дар Қум ва ё ҳусайнияи Ҷаморон  зиндагӣ мекарад, аммо Хоменаӣ аз тамоми кохҳои Шоҳ, ки ҳолати музеай наёфта, истифода мекунад ва ҳатто бар онҳо афзӯдааст.

Дар айни ҳол ҳанӯз бачаҳои иронӣ дар китобҳои дарсии худ мехонанд, ки қошуки чойнушии Шоҳ аз тилло будааст ва ишрофияти ӯ боиси инқилоб шуд.

Зери хонаи Хоменаӣ дар Постур дар умқи 60 метрӣ, як паноҳгоҳи 5 ҳазор метрии зидди атомӣ сохта шуда, ки танҳо лифташ 5 миллион доллар аст. Як паногоҳ ҳам зери кохи Вакилободи Машҳад сохта шудааст, аммо ин паногоҳи атомӣ дар муқобили инқилоб мамонеате намекунад. Агар инқилобе дар Ирон иттифоқ афтад, Хоменаӣ ба Сурия мегурезад ва дар ваҳлаи дуввум ба Русия.

Луҷистики Хоменаӣ

Дар системи хусусии байти  раҳбарӣ, имконоти зер ба сурати ихтисосӣ истифода мешавад:

1 адад ҳавопаймони Айрбас. (махсуси сафарҳои худаш)

2 адад ҳавопаймои Боинги 707. (яке марбут ба сафарҳои хонавода ва яке марбут ба муҳофизинаш).

5 адад Фолкум. (2 марбут ба сафарҳои худаш, яке барои сафарҳои Муҷтабо ва дуто барои сафарҳои хонавода).

5 адад чархбол. (2 марбут барои сафари Хоменаӣ, як барои сафари Муҷтабо ва ду марбути хонавода).

Бо он, ки парвози чархбол дар осмони Теҳрон мамнуъ аст, аммо дар шимоли шаҳри Теҳрон мудом садои як чархбол шунида мешавад.

6 бонд чархбол, яке дар Меҳробод ва яке аз Аббособод, яке дар пеши меҳмонхонаи Истиқлол, яке дар Манзарияи Теҳрон, яке дар Қум ва яке Лавосон.

17 адад мошини зидди гулула. (ҳар кадом ба арзиши 400 ҳазор доллар).

1200 адад мошини дигар.

Идоракунандагони байти раҳбарӣ

Аввал қарор буд, Мунтазирӣ ҷонишин Хумайнӣ  бошад. Мухолифати ӯ бо кушторҳо дар зиндонҳои сиёсӣ ӯро мағзуби Хумайнӣ кард ва на танҳо барканор шуд, ҳатто дар хонаи худ зиндонӣ шуд. Албатта иддае аз рӯҳониён низ дар барканор кардани Мунтазирӣ ва ҷойгузин кардани Хомеанӣ бенақш набудааст.

Вақте Хоменаӣ дошт мемурд, иддае хостанд Аҳмад писари Хумайнӣ  ҷонишин ӯ шавад. Аҳмад худ ба дунболи чунин ҷонишинӣ набуд. Хумайнӣ мегуфт: ҳар касро мехоҳед баъд аз ман раҳбар кунед, аммо чунин ҷофоеро дар ҳаққи ман накунед, ки Аҳмадро раҳбар кунед. Нагзоред мардум бигӯянд, мисли салтанат аз Хумайнӣ ба писараш ирс  расид. Иддае ҳам аз ин фурсат ба дунболи канор занади Мунтазирӣ аз қудрат ва ҷойгузин кардани Хоменаӣ буданд. Монанди Райшаҳрӣ ва Муҳаммади Гулпоягонӣ ва Ҳиҷозӣ ва Тоиб, ки дар он замон бозҷӯӣ маҳдии Ҳошимӣ буд). Тамоми ин гуруҳ баъд аз марги Хумайнӣ ва ба баҳбарӣ кашидани Хоменаӣ ҳамакораи дафтари ӯ шуданд. Инҳо ҳатто бо тарҳи шурои раҳбарӣ баъд аз Хумайнӣ мухолифи буданд. Шурое, ки қарор буд муташакил аз Оятуллоҳ Гулпоягонӣ, Ардабилӣ ва Хоманаӣ бошад.

Гардонандагони аслии байти раҳбарӣ, шахси Хоменаӣ ва писараш  Муҷтабо, ва баъд Ҳиҷозӣ,  Муҳаммади Гулпоягонӣ ва Ваҳид ҳастанд. Коркунони байт ҳудуди 500 нафар дар радаи аввал ва ду ҳазор нафар дар  радаи дуввум ва даҳ ҳазор нафар дар радаи саввум кор мекунанд.

Дар ҳақиқат давлату маҷлис ва қувваи қазоия нестанд, ки кишварро идора мекунанд, балки тамоми чиз дар контроли байти раҳбарӣ аст. Байти раҳбарӣ дорои сохтмонҳои мутаадиде дар сатҳи кишвар аст.

Басиҷ дар нигоҳи Хоменаӣ

Хоменаӣ дар ибтидо мудири куллӣ Ҳизби Ҷумҳурии Исломӣ буд, акнун бо ҳамон нигоҳ бовар дорад, ки басиҷ метавонад барои ӯ як ҳизб бошад, ҳизбе, ки дар айни ҳол як артиш аст. Интиқоди мунтақидин ба ҳизби Подгонӣ, ишора ба ҳамин мавзуъ дорад. Ӯ бо пули давлат ва миллат барои худ як ҳизби низомӣ сохтааст.

Бизнесҳои муҳими Хоменаӣ

Воридоти шакару биринҷ, мошини BMW, тавлиди қанду шакар ба номи Остони Қудси Ризавӣ, сармоягузорӣ дар Дубай, Олмон, Ироқ, Африқои Ҷанубӣ, Венезуелла, Лубнон ва Чин.

Аммо бизнесҳои бузург марбут ба ҳамон нефт ва газ аст ва баъд хариди таслиҳоти низомӣ аз Русия ва Чин.

Хоменаӣ барои он, ки битавонад бизнесҳои худро контрол кунад, ашхосеро ба муддати тулонӣ дар самтҳои собит нигаҳ медорад. Масалан Маҷиди Ҳидоятзода, ки 30 сол масъули фуруши нефти Ирон будааст. (Ҳидоятзода дар соли 1387 иваз шуд, зеро Нуризода номи ӯро лав дода буд). Дигаре оқои Сурӣ, масъули ҳамлу нақли нефти Ирон аст, ки 30 сол аст ин корро идома медиҳад.

Ин ду нафарро оқои Хоменаӣ аз соли 60 мансуб кардааст. Як давраи Ҳошими Рафсанҷонӣ ва як давраи Хотамӣ ва ҳатто як бор Аҳмадинаҷод мехостанд онҳоро иваз кунанд, аммо Хоменаӣ напазируфт. Шакли кори ин ду дафтари раҳбарӣ бадин шакл  буд: Ҳидоятзода бочкаҳои нефтро мефурухт ва Сурӣ онҳоро ҳамл мекард ва камешани онҳо ба ҳисоби Хоменаӣ марафт.

Дар сӣ соли гузашта Ирон ҳудуди 700 миллиард доллар нафт фурухтааст, ки фоизи фуруш ва ҳамлу нақли он аз тариқи ин ду нафар ба ҳисоби Хоменаӣ рафтааст. Саввумин нафаре, ки Хоменаӣ барои ин кор вориди вазорати нефт кардааст, бародараш Ҳасани Хоменаӣ буд, ки ибтидо дар вазорати иршод буд, аммо баъд барои контроли манофеи Хаменаӣ вориди вазорати нефт шуд.

Кохҳои Хоменаӣ

Аксҳои замима тавассути Гогол, маҳали кохҳои Хоменаиро нишон медиҳад. Ин кохҳо иборатанд аз:

  1. Кохҳои Лавосинот, ки марбут ба шахси Хоменаӣ, Муҷтабо ва Муҳаммади Гулпояггонӣ аст.
  2. Кохи Ҷамшедия: кохи собиқи Ардашер Зоҳидӣ, ки маҳалаи куҳнавардии Хоменаӣ аст.
  3. Кохи Фишқуло дар Шимоли Ирон.
  4. Кохҳои Боғи Маликободи Машҳад бо 300 ҳазор метр боғи атроф.
  5. Кохи Наёварон.
  6. Кохҳои Садлатиён, (ки қаблан кохи Шоҳ будааст).

Сарватҳои Хоменаӣ

Хоменаӣ дар соли 60 раиси ҷумҳур шуд.

Дар соли 61 Ҳидоя ва Суриро масъули фуруши нефт кард ва то соли 85 онҳо иваз нашуданд.

Дар соли 62 Муҳсини Рафиқдӯстро масъули хариди аслиҳа кард.

Аз соли 1370 ба арзиши замин пай бурд ва аз тариқи ситоди иҷрои фармони имом ва бунёди мустазъафони рӯи заминҳои Ирон даст гузошт. Дар вазорати нефт аз соли 63, Ҳасани Хоменаӣ масъули контроли оқоён Ҳидоятзода ва Сурӣ шуд.

Дар вазорати дифоъ Муҳаммади Гулпоягонӣ, масъули контроли Рафиқдӯст ва Ваҳидӣ шуд.

Дар умури замин ҳам оқои Лулочиён, масъул шуд ва баъд бо Хоменаӣ фомил шуд.

Аз соли 76 ба фарзандонаш иҷозати дахолат дар бизнесро дод.

Аз  соли 84 худаш бизнесро канор гузошт ва аз давлат мустақиман пул гирифт. Ҳамон пулҳое, ки дар буҷаи кишвар гум мешавад ва Каррубӣ аз Аҳмадинаҷод дар интихобот мепурсид, он як миллиард чӣ шуд?

Тамоми сарвати Хоменаӣ ва хонаводааш 36 миллиард доллар аст.

Сарвати шахсии Хоменаӣ 30 миллиард ва сарвати хонаводааш 6 миллиард доллар.

Пули нақд

22 миллиард доллар аз 36 миллиард доллар ба шакли пули нақд дар Ирон буд, ки дар замони интихобот ба далели шулуғии кишвар тасмим ба ирсоли бахши умдаи он ба Сурия аз тариқи Туркия гирифта шуд. Ин пул дар масири Туркия ба Сурия гирифтор рафт ва дар Туркия тавқиф шуд. Нигаронии Хоменаӣ ин буд, ки дар сурати суқути режим ин пулҳо дар Ирон бимонад. Давлати Ирон дар ҳоли талош барои бозпасгирии ин маблағ, аз Туркия аст. Дар ин, ки ин пул дар Туркия тавқиф шуда, ҳеҷ кас шакке надорад. Суоласт, ки чаро ин пул бо ҳавопаймои мустақим ба Сурия набурданд. Шояд бими он будааст, ки ҳавопаймо ва маҳмулааш шиносоӣ ва сарнагун шавад.

Бақияи пули нақд

3.5 миллиард доллараст, ки яку ним миллиард дуллор ба сурати алмос ва яку ним миллард доллар ҳам ба сурати тило аст ва ҳудуди як миллиард ба сурати исконс долллар аст.

Ҳисоби бонкӣ

Ба ғайр аз он 22 миллиард доллари нақд, даҳ миллиард аз 36 миллиард дар ҳисобҳои бонкист ба шарҳи зер:

1 миллиард дар Русия

1 миллиард дар Сурия

1 миллиар дар Чин

2 миллиард дар Африқои Ҷанубӣ

2 миллиард дар Лондон

2 миллиард дар дигар кишварҳо

Ва ба ғайр аз 22 миллиард нақд ва 10 миллиард дар ҳисобҳои бонкӣ, бақия амвол ба сурати мулк ва сиҳом ба маблағи 4 миллиард ба шарҳи зер аст:

2  миллиард сиҳом дар бозорҳои дунё

1 миллиард дар Африқои Ҷанӯбӣ

500 миллион дар Сурия

500 миллион дар Венезуелла

30 миллиард сарвати Хоменаӣ аз куҷо омадааст?

12 миллиард доллар аз фоизи фуруши нефт

2 миллиард доллар аз бизнеси замин

6 миллиард аз бизнести силоҳ

10 миллиард доллар Аҳмалинажод зарфи ин 4 сол пардохтааст

Бизнесҳои мазҳабии Хоменаӣ

Остони ҳазрати Ризо дар Машҳад, остони ҳазрати Маъсума дар Қум, остони Шаҳрирайд дар ҷануби Теҳрон, тамоми фоидаҳои ношӣ аз ин остонҳо ва сармоягузгориҳои онҳо зери назорат ва мушорикати Хомеанӣ аст.  Тибсӣ дар Машҳад ва Райшаҳрӣ шарикони ӯ дар ин ду шаҳр ҳастанд.

Муҷтабо Хоменаӣ

Мутавалиди соли 1348, дуввумин фарзанди Хоменаӣ. Алоқаи шахсии ӯ ғайр аз сиёсат ва иқтисод ба аспсаворӣ аст. Тавре, ки барои савор шудан бар аспи мавриди алоқааш барои замонҳое, ки дар Вакилободи Машҳад аст, аспи ӯ бо ҳавопаймои 330 ба Машҳад мебаранд. Муҷтабо фаъолтарин фарзанди Хоменаӣ дар умури сиёсӣ аст. Ӯ солҳост ҳамон нақшеро бозӣ мекунад, ки Аҳмади Хумайнӣ барои падараш бозӣ мекард. Дар ҷавонӣ ба ҷабҳа рафтааст ва дар ҳамон ҷо бо Тоиб (масъули кӯдатои инқилоботӣ ва масъули шунуди байти раҳбарӣ..) ошно шудааст. Ҳамсари ӯ духтари Ҳаддоди Одил аст. Шеваи зан гирифтан дар хонаводаи Хоменаӣ ин тавр аст, ки ҳамсари Хоменаӣ чанд духтарро барои писаронаш интихоб  мекунад ва писарҳо пас аз таъйиди падар ва вазорати иттилоот аз байни онҳо духтареро интихоб мекунанд. Ин интихоб  мулоҳизаҳои сиёсии бисёре дорад. Пайвас шудан бо фарзандони Хоменаӣ, навъи мушорикат дар қудрати Ирон аст. Ба ҳамин сабаб издивоҷи ношӣ аз ишқи аввалият, тақрибан дар хонаводаи Хоменаӣ мунтафӣ аст. Муддате бо ҳамсараш бар сари фарзандорнащудан дӯчори ихтилоф буд ва ҳатто алоқаманд буд, то зани дигареро интихоб кунад, то ин, ки роҳи чораи муолиҷа дар Лондон ташхис дода шуд.

Бачаи як миллион повндӣ

Муҷтабо ба ҳамроҳи 20 муҳофиз ва ҳамсараш ба ҳамроҳи се надима ва модари ҳамсар ба ҳамроҳи ду надима, якҷоя ба Лондон рафтанд ва муддати ду моҳ, ниме аз меҳмонхонаи Шройтун Парклини Лондонро иҷора карданд, то ҳамсараш муваффақ шавад барои ӯ писарбачае ба номи Боқирро ба дунё оварад.

Бачае, ки масрафи сафари ҳавопаймои хусусӣ, ва мехмонхона ва масрафи дармону харҷ ва ҳуқуқи муҳофизин ва надимаҳои модару модарбузургаш, ҳудуди як миллион павнд, масраф доштааст. Занони масъулин, ки аз мавзуъ хабар доранд, вақте дар бораи Боқир (набераи Хоменаӣ) суҳбат мекунанд, аз ӯ ба увнони бачаи як миллион пондӣ сухан мегӯянд.

Робитаи Муҷтабо ва Ҳаддод Одил (падарзан)

Муҷтабо Хоменаӣ домоди Ҳаддоди Одил аст. Пас Ҳаддод Одил муваффақ мешавад ба раёсати Маҷлиси Шурои Исломӣ бирасад. Аммо ин  робитаи хонаводагӣ, на танҳо ба қудрати сиёсӣ майдон медиҳад, балки заминаи ҳамкориҳои муҳими иқтисодист.

Дар замони оқои Хотамӣ Иронсел ба муноқиса (тендер) гузошта шуд.   Муҷтабо ба дунболи он буд, ки Африқои Ҷанӯбӣ, ки ба ӯ фоиз медод, барандаи муноқаса бошад, аммо дар як муноқасаи озод, ширкати Турксел, барандаи муноқас шуд. Муҷтабо нороҳам мешавад ва ба оқои Хотамӣ занг мезанад, ки бигӯед, барандаи муноқаса Африқои Ҷанӯбӣ аст. Оқои Хотамӣ занг мезанад ба Сулаймонӣ мегӯяд қонунӣ амал кунед. Сулаймонӣ эълон мекунад, ки Турксел қонунан баранда шудааст. Муҷтабо даст ба домони Ҳаддод Одил мезанад. Ҳаддод ба Аҳмад Таваккалӣ мегӯяд, ки баранда шудани Турксел хилофи амнияти миллӣ аст ва алайҳи давлати Хотамӣ теъдоди зиёде мақола навишта мешавад. Хотамӣ зери бор намеравад, то Аҳмадинажод раиси ҷумҳур мешавад. Аввалин коре, ки Аҳмадинажод мекунад, инаст, ки қарордодро бидиҳанд ба вазорати дифоъ ва МТН ба сурати мушоракатӣ. Ва бадин тартиб Муҷтабо аз Африқои Ҷанубӣ фоиз мегирад, ки ба ҳисоби ӯ дар Лондон рехта мешавад. (руҷуъ шавад ба суханрониҳои Таваккалӣ дар ин маврид ва ҳамин тавр ба суханрониҳои Сулаймонӣ дар сайти Бозтоб дар ин бора).

Оқои Ҳаддод ба Муҷтабо мегӯяд: ман ин корро барои  ту кардам, ҳоло ту барои ман коре бикун! Барои замини ман аз Қолибоф муҷаввизи маскуниии тиҷоратӣ бигир!

Ҳаддод Одил як замини 300 ҳазор метрӣ, ки анбор астро дар шимоли майдони Рисолат молик аст. Ин замин метре 200 ҳазор тумон меарзад, ки тавассути Қолибоф ба як мулки маскунӣ- тиҷоратӣ табдил шуд. Дар натиҷаи ин амал замини 300 ҳазор метрии Анбор, ки метре 200 ҳазор тумон арзиш дорад, якбора ба метре 3 миллион тумон табдил шуд.

Дар ин маврид Алӣ Ишроқӣ (набераи имом) мухолифат мекунад, ки ба тавсияи Муҷтабо тавасути Қолибоф, Алӣ Ишрофӣ низ барканор мешавад.

Дар ҳоли ҳозир бобати ҳар телефони Иронсел 2 тумон ва бобати ҳар СМС, як тумон ба Муҷтабо мерасад. Ин илова бар пулест, ки аз Африқо ба ҳисоби ӯ фоиз рехта мешавад. Ҳамчунин ҳар бочка нефте, ки ба Чину Ҳинд фурухта мешавад, як доллар ба Муҷтабо мерасад.

Чанде пеш як миллиарду шашсад миллион повнд, ки ба ҳисоби Муҷтабо дар Лондон  рафта буд, ба далели он, ки маълум набуд, аз куҷо омадааст, тавассути Англис мусодира шуд.

Ҳамчунин руҷуъ шавад ба мақолоти Бӣ Бӣ Сӣ дар бораи Саъиди Имомӣ ва қатлҳои занҷираӣ, ки дар онҳо ба 30 фоизе, Муҷтабо ба хотири хариди аслиҳа аз  Русия камешан гирифта, ишора шудааст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Теъдоди боздид :
200674

Bookmark and Share              Balatarin
 
Saturday 25 April 2015 11:04:39 GMT
Далер 
САлом! ин навишта сар то таҳ ҳама дуруғу туҳмат аст. касоне ки бо зиндагии ин шахс камтарин ошноиро дошта бошад мефаҳмад, ки муғризона аст асои чанд ҳазор долара? накунад бо шоҳи арабистон ашибка гирифтед?
Saturday 25 May 2013 05:05:13 GMT
УМАР 
ИН ШАЙТОН ДАР ЛИБОСИ ОДАМИ БАДТАРИН КИНАТУЗИ ЧАХОН АСТ,АЗ ДАСТИ ИН ИБЛИСИ МАККОР МУСЛИМИНИ СУРИЯ ФАЛАСТИН ИРОК ВА АБГОНИСТОН ДОРАНД ЗАЧР МЕКАШАНД, БА КАВЛИ ХУЧАТУЛ ИСЛОМ ШАЙТОНЕРИ ЛИВОТАГАРЕ БЕШ НЕСТ,ДАР ЗАМОНИ АНДАК ПЕШ КУМУНИСТ БУД ВА БО НАЙРАНГИ ХУМАЙНИИ ХИНДИ БА СИЕСАТ КАШИДА ШУД ВА КУДРАТИ СИЕСИРО БА ДАСТ ГИРИФТ БА ЧОИ ГУЛПОЙГОНИ ВА ШАРИАТИ ,,,,,,
Monday 8 April 2013 06:04:50 GMT
Мухаммад 
АЛӢ он кадар ба итминон сухан мегуе ва касам хам мехури гуё ки аз рози ин марди маккор хабардор боши. Аз кучо ин кадар бо итминон гап мезанид, ин маълумот нодуруст бошад.
Ба назари ин мард бисёр боинсоф будаст, ки бисёр мунсифона ва бегаразона баён кардааст, аз ин хам бадтар буданаш мумкин, зеро касе бо дустони Худо душман бошад, аз у чи таваккуи кори хайр бошад.
Ин наворро метавони тамошо куни ва хулоса барори
http://www.youtube.com/watch?v=dPBCZpkpAuQ
Monday 8 April 2013 09:04:17 GMT
АЛӢ 
БА ХУДО ҚАСАМ ДУРУҒНОМАЕ БЕШ НЕСТ. АГАР ИН ФАРД МИСДОҚИ ИН ДУРУҒҲО МЕШУД ҲАТМАН МИСЛИ ШАЙХОНИ БЕХОСИЯТИ ХАЛИҶ БЕОБУРУ БУД. ИН ФАРДРО СОДАЗИСТИАШРО ПАШУҲИШҲ0И ҒАРБ ЭЪТИРОФ МЕКУНАНД ВАЛЕ ШУМО КИНА ДОРЕД ВА ДУРУҒҲОРО МЕСОЗЕД ВАЛЕ БА РУЗАШ ПОСОХАТОНРО МЕГУЯНД ФАРОМУШ НАКУНЕД. ХАЙ АЗ СОЙТ ВА РАСОНАЕКИ БАРОИ КУБИДАНИ МУХОЛИФ ДАСТ БА ҲАР ИҚДОМ ВА КОРЕ МЕЗАНАД ВА ФИКРИ ИСЛОМӢ БУДАНАШРО НАДОРАД ИНҲО ИНТИЗОР МЕРАВАД
Thursday 4 April 2013 07:04:39 GMT
Чурабек 
Ох Фиръавн, дар хакикат хам тогути занона будааст.
боз бо ин ахволаш даъвори рахбари ва имомати чахон мекунадд
Касам ба зоти ПОк, чуз шайтон чиз нест.
 
Ном:
Матни назарҳо: 
 
      
 
 
 
Лағви иштирок
Иштирок