Ҳадиси Ғадири Хум ва китобҳое дар мавриди имомат
Таърихи изофа : 11/3/2012 9:45:35 PM
Bookmark and Share              Balatarin

Ихтилофи мусалмонон дар мавриди ҳадиси Ғадири Хум

Ҳангоми таҳқиқи воқеаҳои таърихи Ислом ва баррасии аҳодиси Расули Худо (с) мутаваҷҷеҳи ривоёте мешавем, ки дар мавқеиятҳо ва зарфиятҳое вижае ва ба хотири баён, ё  таъкид бар мавзуъоти хос пешкаш шудааст. Ин гуна маворид, маҷоли муносиб барои касоне фароҳам меоварад, ки дар пайи онанд то бар эътиқодоту даъвоҳои хеш далели муносиб ва мустаҳкаме биёваранд. Лизо он гуна, ки худ хостаанд, аз ин ривоёт баҳра бурда ва чӣ басо дигаронро низ мавриди накӯҳиш қарор додаанд.

Боризтарин намуна аз ин навъ ривоёт ва воқеъаҳо, воқеъаи «Ғадири Хум» ва ҳадиси машҳур ба ҳадиси «Ғадири Хум» аст, ки дар соли поёнии ҳазрати Расули Худо (с) дар ҳангоми баргашт аз Ҳаҷҷатулвидоъ, рӯзи ҳаждаҳуми Зулҳиҷҷа, соли даҳуми ҳиҷрӣ ба вуқуъ пайваст, ки баъдҳо ба унвони асос ва решаи эътиқодоти шиа дар баҳси имомат, мавриди таваҷҷӯҳи хос қарор гирифт.

Саъй бар он дорем, то дар ин мухтасар ба баҳсу баррасии таърихии ин воқеъа аз як сӯ ва таҳқиқи маънои луғавӣ ва истилоҳии лафзҳои ҳадис аз дигар сӯ бипардозем ва дар идома далоили ҳар қавлро низ мухтасаран баён кунем. Лизо баҳсро ба 6 бахши ҷудогона тақсим мекунем:

1.                  Ривоёти ворида ва таҳқиқи асноди ҳадиси Ғадири Хум.

2.                  Маънои луғавӣ ва истилоҳии лафзи «Валӣ» дар Қуръон ва Суннат ва луғат.

3.                  Сабаби вуруди ҳадиси Ғадир.

4.                  Эҳтиҷоҷ ба ҳадиси Ғадир.

5.                  Қавли шиа ва баррасии далелҳои он.

6.                  Қавли Аҳли суннат ва ҷамоат ва баррасии далеҳои он.

Бахши аввал: Ривоёти ворида ватаҳқиқи асноди ҳадиси Ғадири Хум:

Ҳадиси Ғадир аз тариқи баъзе аз Саҳоба ва ғолибан ҳамроҳ бо сабаби вуруди он дар китобҳои ҳадис оварда шуда, ба гунае, ки асли вуруди онро таъйид мекунад, ҳар чанд имом Бухорӣ ва Муслим онро ба ин лафз ривоят накардаанд. Зайлан ба намунаҳое аз ин ривоёт аз машҳуртарин кутуби ҳадис ишора мекунем:

Аввал: Муснади имом Аҳмад:

Барро бин Озиб ривоят мекунад: дар сафаре ҳамроҳи Паёмбар будам. Ҳангоми зуҳр дар минтақае ба номи Ғадири Хум манзил кардем. Баъд аз он, ки намози зуҳрро хондем, Расули Худо (с) дасти Алӣ бин Абӯтолибро гирифтанд ва фармуданд: «مَن کُنتُ مولاه فعلیّ مولاه، اللهم وال مَن والاه و عادِ مَن عاداه», сипас Умар бин Хаттоб Алиро мулоқот карданд ва ба ишон гуфтанд: «هنیئاً یا ابن ابی طالب أصبحتَ و أمسیتَ مولی کلّ مومن و مومنة». (муснади имом Аҳмад 4/281).

Ин ҳадисро ба хотири вуҷуди Алӣ бин Зайд, ки ҳамон Ибни Ҷадъон бошад, заъиф донистаанд.

Дар ривояти дигар Абдурраҳммон бин Абӯлайло мегӯяд: Дар минтақаи Раҳбаҳ (минтақае дар Ироқ дар наздикии Қодсия) Алиро дидам, ки мардумро савганд медод: ҳар кас сухани Паёмбарро дар Ғадири Хум шунидааст, баланд шавад ва гувоҳӣ диҳад. 12 нафар, ки ҳама аз аҳли Бадр буданд, хестанд ва бар шунидаи худ гувоҳӣ доданд». (Мусндаи имом Аҳмад 1/119).

Бурайда Асламӣ ин Ҳадисро ҳамроҳ бо воқеъаи дигар ривоят мекунад ва мегӯяд: «Ҳамроҳ бо Алӣ бин Абӯтолиб дар сиряи (ғазва) Яман будем ва чун баргаштем, ман ба назди Паёмбар рафтам ва аз Алӣ шикоят кардам, Паёмбар (с) чешҳрааш тағйир ёфта ва фармуданд: «Эй Бурайда! Оё ман авлотар ба мӯминон аз худашон нестам? Гуфтам: бале эй Расули Худо! Ишон фармуданд: «من کنت مولاه فعلی مولاه». (Муснади имом Аҳмад 5/341).

Дуввум: Ҷомеус-саҳеҳи (сунани) Тирмизӣ

Тирмизӣ ин ҳадисро як ҷо бидуни зикри сабаби хос аз Зайд бин Арқам ривоят мекунанд. (Сунани Тирмизӣ 5/637).

Ва дар ҷои дигар аз Имрон бин Ҳусайн ҳадисро бо лафзи дигар ба баъд аз сиряи Яман, воқеъҳои рухдода дар он ва шикоёти мардум аз Алӣ, нисбат медиҳад, ки Расули Худо (с)ро нороҳат карда ва фармуданд: «ما تریدون مِن علی؟ ما تریدون من علی؟ إن علیّاً منّی و أنأ منه و هو ولی کلّ مومن بعدی». Тирмизӣ ин ҳадисро ҳасани ғариб медонад, зеро танҳо аз тариқи Ҷаъфар бин Сулаймон ривоят шудааст, ки бисёре аз муҳаддисин ӯро ба бадгӯйии Абӯбакр ва Умар мутаҳам кардаанд. (Сунани Тирмизӣ 5/637 ва Алмустадраки Ҳоким 3/110).

Саввум: Сунани Ибни Моҷҷаҳ:

Ибни Моҷҷаҳ ин ҳадисро як ҷо аз Ибни Ҷаъдон ривоят мекунад, ки баёни иллати заъфаш гузашт. (Сунани Ибни Моҷҷаҳ 1/45).

Ва дар ҷои дигар ривоят мекунад, ки Муъовия дар маҷлисе аз Алӣ нолид, аммо Саъд бин Абӯваққос, ки онҷо ҳозир буд, хитоб ба ӯ гуфт: оё дар бораи марде сухан мегӯйи, ки Расули Худо (с) дар бораи ӯ фармуд: «مَن کنت مولاه فعلی مولاه» ва «أنت مِنّی بمنزلة هارون من موسی إلا أنه لا نبیّ بعدی» ва «لأعطینّ الرایة رجلاً یحب الله و رسوله». (Сунани Ибни Моҷҷаҳ 1/45).

Чаҳорум: Алхасоиси Насоий:

Имом Насоий аз Зайд бин Арқам баъд аз баёни қиссаи Ғадир ва иҷтимоъи мардум, аз Паёмбар (с) ривоят мекунад, ки фармуданд: «من کنت ولیه فهذا ولیه، اللهم وال من والاه و عاد من عاداه». (Алхасоис 15).

Ҳамчунин шабеҳ бар ривояти ин ҳадисро аз тариқи Зайд бин Ясиъ аз Абдурраҳмон бин Абӯлайло дар Раҳба ривоят мекунад. (Алхасоис 16).

Ибни Ҷарири Табарӣ маҷмуъи туруқи ин ҳадисро дар ду муҷаллад сарфи назар аз сиҳату суқми он ҷамоварӣ кардааст. Ҳамчунин шайх Носируддини Албонӣ дар «Силсилатус-саҳеҳа» аксари ривоёти воридшуда дар мавриди ин ҳадисро ҷамоварӣ карда ва ғолиби онҳоро саҳеҳ донистааст.

Бахши дуввум: Маънои (валӣ) дар Қуръон ва Суннат ва луғат

Моддаи (валӣ) дорои муштаққоти мутаъаддиде дар забони Араб аст, ки ҳар кадом худ маънои мухталифе доранд ва бисёре аз ин маъонӣ дар аҳодис ва баъзе дар Қуръон истифода шудааст. Зайлан ба баъзе аз муштаққоти ин лафз ва маъонии ҳар кадом ишора мешавад:

А: مولى: ки дорои маъонии мухталифест, мисли:

1- садиқ (дӯст) ва насир (нусратдиҳанда) ва муҳиб (дӯстдор) (فإخوانکم فی الدین و موالیکم/ أحزاب۵)), ва (ذلک بأن الله مولی الذین آمنوا و أن الکافرین لا مولی لهم/ محمد۱۱)). مُزینة و جُهینة و أسلم و غفار موالی الله و رسوله /بخاری مناقب۲و۶) (إنما أولیائی المتقون/ابوداود فتن۱).

2. Асабият ва писари амак: «و إنی خفت الموالی من ورائی /مریم۵».

3. Ҳалиф ва ҳампаймон:

4. Муътиқ ва муътақ (озодкунанда ва озодшуда), (نهی رسول الله صلی الله علیه و سلم عن بیع الولاء و هبته /نسأئی۶/۱۲۳).

5. Носир (нусратдиҳанда): «نعم المولی و نعم النصیر /حج۷۸".

6. Валии неъмат: «و هو کَلّ علی مولاه /نحل۷۶».

7. Молик ва абд (ғулом).

8. Валии шаръӣ: (أیما امرأة نکحت بغیر إذن مولاها - و فی روایة ولیّها – فنکاحها باطل /ترمذی نکاح۱۴). (…فلیملل ولیّه بالعدل /بقره۲۸۸) (السلطان ولیّ من لا ولیّ له /ترمذی نکاح۱۴.

Б: مولات ضد معادات: Ба маънои мутобаъат ва пайравӣ кардан.

В: ولاية (бо касри вов), ба маънои иморат ва нусрат ва бо фатҳи вов (وَلاية), ба маънои насаб ва нусрат. Яъне маънои нусрат барои лафзи вилоят дар ҳар ду сурат (каср ва фатҳи вов) муштарак аст.

Д: أولى: ба маънои таҳдид ва ваъид «أولی لک فأولی /قیامة۳۴».

Баъзе аз муштаққоти ин модда иборат аст аз: التولية، ولّى، استولى، التولى.

Бо таваҷҷӯҳ ба таъаддуди маъноии (валӣ) дармеёбем, ки итлоқи маънои хоссе барои лафзи (мавло) дар ҳадиси Ғадир корест бисёр дӯшвор ва ниёз ба қарина дорад. Имом Шофеъӣ (р) мегӯяд: «Мақсуд вилояти Ислом аст, чуноне, ки Худованд мефармояд: «ذلک بأن اللهَ مولی الذین آمنوا و أن الکافرین لا مولی لهم /محمد۱۱".

Бахши саввум: Сабаби вуруди ҳадис:

Чуноне, ки дар бахши баррасии ривоёти ҳадиси Ғадир низ баён шуд, таъдоде аз туруқи ин ҳадис ба сурати мутлақ ва бидуни ишора ба сабаби хосе нақл шудааст, аммо гуруҳи дигаре аз ривоёт ҳамроҳ бо сабаби вуруд барои ин ҳадис нақл шудааст, ки маҷмуъи онон ба ду сабаб бармегардад:

1.                  Сиряи (ғазва) Алӣ бин Абӯтолиб ба сӯи Яман.

2.                  Баргашти Паёмбар (с) аз Ҳаҷҷатулвидоъ ва нузули ояти «یا أیها الرسول بلّغ ما أنزل إلیک من ربّک… /مائده۶۷». Дар зер ба ҳар кадом аз ин ду сабаби вуруд ба сурати хулоса ишора мекунем:

А. Сиряи Алӣ бин Абӯтолиб ба сӯи Яман:

Расули Худо (с) дар соли даҳуми ҳиҷрӣ, Холид бин Валидро ба сӯи аҳли Яман фиристод, то ононро ба Ислом даъват кунад, аммо чун баъд аз шаш моҳ натиҷае нагирифт, Алӣ бин Абӯтолибро бо теъдоде ба Яман фиристод, то ҷонишин Холид шавад. Алӣ бин Абӯтолиб мегӯяд: Ба Паёмбар (с) гуфтам: маро ба сӯи қавме мефиристӣ, ки мусинтар (калонсолтар) аз ман ҳастанд ва ман ҷавонам ва қазоват намедонам. Паёмбар (с) даст ба синаам гузошт фармуд: (اللهم ثبّت لسانه واهد قلبه).  Алӣ бин Абӯтолиб чун ба наздикии Яман расид, мардум ба истиқболи ӯ омаданд ва Алӣ низ баъд аз намози субҳ номаи Паёмбарро барои ишон қироат кард ва сабаб шуд, қабилаи Ҳамадон мусалмон шаванд ва дигар тоифаҳои Яман низ дар пайи онон мусалмон шуданд. Алӣ қазияи Исломи ононро тайи номае ба Расули Худо (с) хабар дод ва ишон низ аз ин хабар бисёр хушҳол шуданд. (Таърихи Табарӣ 3/132).

Имом Бухорӣ шабеҳ ба ин ҳикоятро ривоят мекунад, аммо иллати фиристода шудани Алиро гирифтани хумс медонад, ва аз Бурайдаи Асламӣ ривоят мекунад: Ман ба сабаб ин, ки Алӣ бин Абӯтолиб баҳрае аз хумсро барои худ бардошта буд, нороҳат шудам, лизо баъд аз баргашт қазияро ба Паёмбар (с) бозгӯ кардам, аммо ишон фармуданд: «Эй Бурайда! Оё аз Алӣ нороҳат шудӣ? Гуфтам: Оре! Ишон фармуданд: «Аз ӯ нороҳат машав, зеро ӯ беш аз он дар моли садақа ҳақ дорад». (Фатҳул-борӣ 8/56 Ибни Ҳаҷар ва имом Аҳмад  Муснат 5/347).

Ривоёти дигареро низ аз сабаби нороҳатии Бурайда овардаанд. Тирмизӣ аз Имрон бин Ҳусайн ривоятеро зикр мекунад, ки Алӣ аз моли хумс канизеро барои худ бардошт ва ҳамин сабаби  нороҳатии дигарон шуд ва чун ба Паёбар (с) расиданд ба назди Ишон рафтанд  ва шикоят карданд, аммо Паёмбар (с) дар посух фармуданд: «ما تریدون من علی؟ ما تریدون من علی؟ إن علیّاً منّی و أنأ منه و هو ولی کل مومن بعدی). (سنن ترمذی۵/۶۳۲)». «Аз Алӣ чӣ мехоҳед! Аз Алӣ чӣ мехоҳед! Алӣ аз ман аст ва ман аз ӯ ҳастам ва ӯ баъд аз ман валии ҳар мӯмин аст».

Ибни Касир аз Язид бин Рукона зимни ҳикояти сиряи Алӣ бин Абӯтолиб ривоят мекунад: «Алӣ барои ин, ки зудтар ба Макка бирасад ва дар Ҳаҷҷатулвидоъ ҳамроҳ бо Паёмбар бошад, шахсеро ҷонишин худаш  сохт ва худ ба Макка рафт. Чун лашкар ба Макка наздик шуд, Алӣ ба истиқболи онон рафт, аммо мушоҳида намуд, ки онон аз либоси Байтулмол (ҷизя) пӯшидаанд, лизо аз онон нороҳат шуд ва амр кард, ки либосҳоро бадар кунанд. Ҳамин амр сабаби нороҳатии онон шуд ва он гоҳ, ки ба назди Паёмбар (с) расиданд, аз Алӣ шикоят карданд».

Ибни  Касир дар таҳлили ин қазия мегӯяд: чун қилу қол ва шикоят дар бораи Алӣ зиёд шуд, Паёмбар дар роҳи баргашт аз Ҳаҷҷатулвидоъ ба Мадина, ононро дар Ғадири Хум ҷамъ кард, то зеҳнияти ононро нисбат ба Алӣ ислоҳ кунад. (Албидояҳ ва алниҳояҳ, 3/106).

Ривояти дигаре аз ин ҳадис, ҳокӣ аз онаст, ки Паёмбар (с) баъд аз баргашт ба Мадина низ ба муносибате ин ҳадистро такрор кардааст.

Б. Нузули ояти таблиғ (یا أیها الرسول بلّغ ما أنزل إلیک من ربک فإن لم تفعل فما بلّغت رسالته والله یعصمک من الناس والله لا یهدی القوم الکافرین /مائده۶۷).).

Баъзе аз муфассирин ва муҳаддисин ривоёти зидду нақизеро аз Абӯсаъиди Хузрӣ, Абдуллоҳ бин Масъуд ва Абдуллоҳ бин Аббос дар мавриди сабаби нузули оят зикр кардаанд. Ибни Мурдавайҳ ва Ибни Абиҳотам ва Ибни Асокир ривоятеро аз Абӯсаъиди Хузрӣ нақл мекунанд бар ин, ки ин оят дар Ғадири Хум дар мавриди Алӣ бин Абӯтолиб нозил шудааст. (Таърихи Димишқ 42/237).

Аммо дар ривояти дигар Ибни Абиҳотам аз Антара ривоят мекунад, ки афроде ба Ибни Аббос гуфтанд: Агар чизи ногуфтае назди туст, барои мо бигӯ! Ишон дар ҷавоб гуфтанд: оё намедонед, ки Худованд фармуд: (یا أیها الرسول بلّغ ما أنزل إلیک من ربک …), ва Расули Худо низ чизеро барои мо нугуфта нагузошт. (Фатҳулқадир 2/57).

Ҳамчунин Ибни Абӯҳотам аз Ҷобир бин Абдуллоҳи Ансорӣ дар зимни ҳикояте аз ғазваҳои Паёмбар (с), (ғазвари Зотурриқоъ ва нақшаи қатли Паёмбар), нузули ин оятро ба он ҳикоят нисбат медиҳад. (Тафсири Ибни Касир 2/79).

Ҳамчунин Ибни Мурдавайҳ аз Ибни Аббос ривоят мекунад, ки аз Паёмбар дар мавриди сахтарин ояте, ки бар ишон нозил шуда, пурсиданд ва ишон посух доданд: «ман дар минтақаи Мино дар мавсими Ҳаҷ (аввалҳои беъсат) будам ва мушрикин маро иҳота карда буданд, ки Ҷибрил ин оятро бар ман нозил кард, ман низ бархостам ва мардумро ба тавҳид ва қабули рисолат фаро хондам, аммо ҳеҷ касе боқӣ намонд, магар он, ки бар сурати ман сангу хок ва оби даҳон пошид». (Фатҳулқадир 2/57).

Ҳамчунин Ибни Мурдавайҳ дар ривояти дигар аз Ойша (р) ва Абӯсаъиди Хузрӣ (р) сабаби нузулуи дигаре барои ин оят ишора мекунад.

Имом Фахруддини Розӣ дар тафсири Кабир ба 10 сабаби мухталиф дар бораи нузули ин оят ишора мекунад ва ниҳоятан як ривоятро тарҷеҳ медиҳад ва мегӯяд: «Бо вуҷуди таъаддуди ривоёт, аммо авлотар онаст, ки оятро ба эмин доштани Паёбар аз макри Яҳуду Насоро нисбат диҳем, то ин, ки Паёмбар баъд аз назули ин оят бидун тарс ба таблиғи дин бипардозад ва ин бо қабл ва баъди оят низ муносибати комиле дорад. (Тафсири Кабир 12/49).

Аксари ривоёте, ки сабаби нузули оятро қабл аз воқеъаи Ғадири Хум медонад, дар идома ба нузули ояти «الیوم أکملت لکم دینکم و أتممت علیکم نعمتی و رضیت لکم الإسلام دینا /مائده۳",  баъд аз ҳадиси Ғадири Хум ишор мекунад, зеро имомати Алӣ бин Абӯтолибро дар ҳукми комил шудани дин ва итмоми неъмати Парвардигор бар бандагон медонанд. (Таърихи Димишқ 42/237), дар ҳоле, ки дар Саҳеҳи Бухорӣ омадааст: «Яҳуд ба Умар бин Хаттоб гуфтанд: Шумо дар китобатон оятеро мехонед, ки агар дар бораи мо нозил шуда буд, он рӯзро ид мегирифтем! Умар ба онон гуфтанд: ман медонам, ки ин оят кай ва дар куҷо нозил шуда ва Паёмбар (с) дар он замон куҷо буданд; он дар рӯзи Арафа буд ва мо низ дар сарзамини Арафа будем». (Фатҳулборӣ 8/218).

Имом Муслим ба ин ривоят изофа мекунад: «ва он рӯз ҷумъа буд». (Муслим,Тафсир 4).

Дар ҳамин маъно аз имом Аҳмад ва Тирмизӣ низ аҳодисе нақл шудааст. Ибни Ҷарир аз тариқи Сафён бин Вакеъ аз Антара ривоят мекунад, ки чун дар рӯзи Ҳаҷҷи акбар ояти «الیوم اکملت لکم دینکم …», нозил шуд, Умар гиря кард. Паёмбар аз ишон пурсиданд: Чӣ чиз туро ба гиря андохт? Ишон гуфтанд: (أبکانی أنّا کنّا فی زیادۀ من دیننا فأما إذا کمل فإنه لم یکمل شیء إلا نقص) ت), (Ман гиристам, зеро дини мо дар холати зиёд шудан буд, аммо ҳоло, ки комил шуд ва ҳар чизе, ки комил шуд, ба ноқисӣ ру меоварад). (Тафсири Табарӣ 6/52).

Бо таваҷҷӯҳ ба ривоёте, ки баъзе аз онҳо зикр шуд, дармеёбем, ки нисбат додани нузули ояти «یا ایها الرسول بلّغ ما أنزل إلیک من ربک …», ва ҳамчунин ояти «الیوم أکملت لکم دینکم و أتممت علیکم نعمتی و رضیت لکم الإسلام دینا», ба қазияи Ғадири Хум ва баҳси имомат ва хилофати Алӣ бин Абӯтолиб ниёз ба тавҷеҳоту таъвилоти фаровоне дорад, ки чӣ басо сабаби рад ва ё тазъифи ривоёти саҳеҳтари дигаре шавад.

 

Бахши чаҳорум: Эҳтиҷоҷ ба ҳадиси Ғадири Хум

Баррасии эҳтиҷоҷ ба мазмун ва мафҳуми ҳадиси «Ғадири Хум» метавонад тариқи муҳим ва муфид ба хотири расидан ба натоиҷи муносиб дар мавриди мақсуд аз ироди ин ҳадис бошад. Аммо ривоёти саҳеҳе, ки дар ин замина битавон бар он эътимод намуд, вуҷуд надорад ва маҷмуъи ривоёт дорои суратҳое аз заъфу ғаробат ҳастанд, аммо баъзе аз ин ривоёт ба фарзи сиҳҳати онҳо ишора мекунем:

А. Тақозои Алӣ бин Абӯтолиб дар Раҳба:

Боризтарин ривоёт дар ин замина ривояти мансуб ба Абдурраҳмон бин Абӯлайло дар Муснади имом Аҳмад (1/119) аст, ки дар бахши аввал ба он ишора шуд. (ривояти муношадаи Алӣ бин Абӯтолиб дар Раҳба, ки аз аҳли Бадр хост, бар шунидаи худ дар рӯзи Ғадир гувоҳӣ  диҳанд). Ин ривоятро Ибни Ҳаҷар низ нақл мекунад, аммо баъзе аз риҷоли санади онро мансуб ба рафз (рофизӣ) ва ҳадисро заъиф медонад. (Ал-исобату фи тамйизи ал-саҳоба 2/408-2/40).

Ҳамчунин Ибни Касир ин ривоятро аз имом Аҳмад нақл мекунад ва онро ғариб медонад. (Албидояту ванниҳояҳ 5/243).

Ва ҳатто Ҳайсамӣ низ дар китобаш ин ривоятро заъиф донистааст. (Маҷмаъуззавоид 9/107).

Бо вуҷуди чашмпӯшӣ аз заъфи ин ривоят, агар ба таърих ва макони ин ривоят баргардем, дармеёбем Алӣ бин Абӯтолиб дар Куфа ва дар соли 35 ҳиҷрӣ, яъне дар замони хилофаташ ба ҳадиси Ғадир эҳтиҷоҷ мекунад, то бадин васила таваҷҷӯҳи мардуми шарури Куфаро ба худ ҷалб кунад, то чӣ басо аз ъиноду мухолифатҳои хеш даст бардоранд, лизо баъид аст, ки Алӣ хоста бошад дар мавқеъият ва дар миён он қавм, сухане аз ғасби хилофат ва ҳуқуқи хеш  ва он ҳам дар миёни он қавм зада бошад.

Б. Эҳтиҷоҷи Алӣ ба ҳадиси Ғадир дар рӯз Ҷамал

Масъудӣ дар Муруҷуззаҳаб ривоят мекунад: «Сипас Алӣ Талҳаро садо зад ва гуфт: Эй Абӯмуҳаммад! Чӣ чиз туро хориҷ кардааст? Талҳа гуфт: Талаби хуни Усмон! Алӣ гуфт: Худованд ҳалок кунад онро, ки мустаҳиқтар ба хуни Усмон аст, оё нашунидӣ, ки Расули Худо (с) фармуданд: «اللهم وال مَن والاه و عاد من عاداه), ва ту низ аввалин касе будӣ, ки байъат кардӣ, аммо нақзи аҳд кардӣ? Пас Талҳа бо шунидани ин суханон истиғфор карда ва баргашт. (Муруҷуззаҳаб 2/373).

Ин ҳадисро Масъудӣ ривоят карда ва Ҳоким дар Мустадрак онро заъиф донистааст. Аммо бо вуҷуди он, чун ба мазмуни ривоят бингарем, дармеёбем, ки мунозраи Алӣ бо Талҳа қабл аз воқеъи Ҷамал сирфан ба хотири пешгирӣ аз вуқуъи ҷанг байни мӯминон ва лузуми нусрати Алӣ ба унвони амири мӯминон аст ва бадин хотир низ Алӣ бин Абӯтолиб ба қисмати аввали ҳадиси «من کنت مولاه فعلی مولاه), ишора намекунад.

В. Саломи Ансор ба Алӣ дар Раҳба

Имом Аҳмад аз Риёҳ бин Ҳарс ривоят мекунад: «Гуруҳе дар Раҳба ба назди Алӣ бин Абӯтолиб омаданд ва гуфтанд: (السلام علیک یا مولانا!), Алӣ дар ҷавоб гуфтанд: «Чӣ гуна ман мавлои шумо ҳастам, дар ҳоле, ки шумо қавми Араб ҳастед? Онон гуфтанд: «Шунидем, ки Паёмбар (с) дар рӯз Ғадир фармуданд: «من کنت مولاه فعلی مولاه».  Рибоҳ бин Ҳарс мегӯяд: чун рафтанд дар пайи онон рафтам ва пурсидам, онҳо чӣ касоне буданд? Гуфта шуд: Гуруҳе аз Ансор, ки Абӯаюби Ансорӣ низ дар миёни онон буд. (Муснади имом Аҳмад 5/419).

Зоҳиран ин ривоят  нишон медиҳад, ки бардошти онон аз маънои «мавло», ғайр аз маъное буд, ки дар луғати Араб истеъмол мешавад ва бадин сабаб буд, ки Алӣ бар қавли онон эътироз кард.

Дар ривояти дигаре омадаст, ки онон аз лафзи «маволӣ» истифода карданд: «مَوالیک یا أمیر المومنین», ва Алӣ низ маънои ҳақиқии лафзи «мавло»ро барои онон баён кард, аммо ровӣ аз зикри он маъно худдорӣ кардааст. (Муснади имом Аҳмад 5/219).

Шояд мақсади онон раъият ва маръус буд, дар ҳоле, ки Алӣ бар асоси луғат маънои носир ва муҳибро дар назар дошт ва дар ин сурат аз ин ривоят метавон дар баҳс маънои луғавии лафзи «мавло» истифода кард.

Бахши панҷум: Қавли шиа дар мавриди ҳадиси Ғадири Хум ва далоили он

Шиа ин ҳадисро нас ва далели қотеъ бар хилофати Алӣ бин Абӯтолиб медонад ва бар гуфати хеш долоиле меоварад, ки муҳимтарини он дар зер оварда мешавад ва мавриди баррасӣ қарор мегирад:

Далели аввал: Нузули ояти «یا أیها الرسول بلّغ ما أنزل إلیک من ربک …». Ривояте, ки нузули оятро ба ғазияи Ғадири  Хум нисбат медиҳад, дар бахши саввум зикр шуд, лизо дар инҷо ба кайфияти истидлол ба ин оят мепардозем:

Аллома Маҷлисӣ дар «Биҳорул-анвор» мегӯяд: «Хабарҳои гузашта дар мавриди нузули ояти «یا ایها الرسول بلغ…», баёнгари онаст, ки мурод аз мавло (дар ҳадиси Ғадир) ҳаммно авло ба тасарруф, яъне имом ва халифа аст, зеро таҳдиди Парвардигор ба ин, ки агар амри Худовандро иблоғ накунӣ, ҳеҷ амре аз рисолататро иблоғ накардаӣ ва ҳамчунин замонати исмат барои ӯ иқтизо мекунад мақсуди оят иблоғи ҳукми муҳим бошад, ки иблоғаш ислоҳи дину дунёро барои тамоми мардум дарбар дошта бошад, то ба василаи он ҳалолу ҳаром то рӯзи қиёмат мушаххас шавад, лизо пазириши он бар мардум сахт омад. Дар эҳтимолоти маънои «мавло» низ маънои хилофат аз ҳама қавитар аст ва мақсуд хилофати Алӣ аст, зеро ба василаи он аҳкоми дин боқӣ мемонад ва умури мусалмонон сомон меёбад ва чун кинаи мардум (ки ғолиби онон низ мунофиқ будаанд) мазаннаи барпоии фитна буд, пас Худованд тазмин намуд, ки Паёмбарро аз шарри онон масун (маҳфуз) бидорад». (Биҳорул-анвор 37/249).

Баррасии сабаби нузули ояти таблиғ ва ҳамчунин баҳси маънои луғавии лафзи «мавло» (ба тартиб дар бахши аввал ва саввум гузашт), аммо дар мавриди дигар даъвоҳое, ки аллома Маҷлисӣ ба хотири исботи хилофати Алӣ ва фавоиди он зикр кардааст, танҳо шоистааст ба ин матлаб ишора шавад, ки бо вуҷуди он, ки хилофат баъд аз Расули Худо (с) ба Алӣ бин Абӯтолиб нарасид, мо бисёр аз дағдағаҳо ва фавоиде, ки эшон барои хилофати Алӣ баршумурдааст, бароварда шуд, лизо наметавон даъво намуд, ки ислоҳи умури мусалмонон баъд аз реҳлати Паёмбар ба хилофати Алӣ бин Абӯтолиб мутаваққиф будааст. Ҳамчунин лозим ба зикр аст, ки бадниятӣ ва нисбати нифоқ ба Асҳоби Расули Худо (с) даъвои бузург ва хатарнок ба шумор меравад, ки соҳати Паёмбар ва ёрони бузургвораш (р) аз барӣ ва покиза аст.

Аллома Таботабоӣ дар тафсири машҳури «Алмизон» дар таносуби мавзуи ояти таблиғ бо меҳвари куллии сураи Моида (баҳси аҳли китоб) мегӯяд: «Дар замони нузули ин оят, қудрату шавкати Аҳли китоб шикаста шуда буд, лизо далеле бар тарс аз онон вуҷуд надошт, бинобарин ин оят бо меҳвари кулии сура таносубе надорад ва ин ояти мунфарид ва ҷудост, ки ҷудогона нозил шудааст». (Алмизон фи тафсирил-Қуръон 6/42).

Дар сухани аллома Таботабоӣ ду нукта қобили таъаммул аст: аввалан лафзи "یا ایها الرسول» танҳо ду мартмба дар Қуръон омадааст; мартабаи аввал дар ояти 41 ҳамин сура, ки ба иттифоқи аксари муфассирин дар мавриди Яҳуд нозил шудааст ва мартабаи дуввум низ дар оғози ояти таблиғ, ки дар мазмуни хитоби он тардид кардаанд, аммо он чӣ бадеҳист, истифодаи лафзи «Расул» ба хотири инкори амади эътиқод ба рисолати Паёмбар аст, лизо баъид менамояд, ки мақсуд афроде аз мӯминон бошанд, ки ҷону моли хешро фидои Расули Худо (с) кардаанд.

Сониян: даъвои шикаста шудани шавкати Яҳуд дар ҳангоми  нузули оят дар сурате саҳеҳ аст, ки битавон замони нузули оятро ба баъд аз Ҳаҷҷатулвидоъ нисбат дод ва ин мусталзими инкор ва радди ривоёти саҳеҳест, ки замони нузули оятро ба Макка нисбат медиҳад, лизо пазириши он аз лиҳози илмӣ носаҳеҳ аст.

Ҳамчунин дар мавриди поёни ин оят «إن الله لا یهدی القومالکافرین», шиа мухтақид аст, ки аввалан мақсуди касонест, ки дар атрофи Паёмбар буданд ва сониян адами ҳидояти онон ба маънои адами тавфиқи онон дар иҷрои макру кайдашон аст. (Алмизон 6/52).

Ин сухан аз ду ҷиҳад қобили нақд аст: аввалан нисбати куфр ба асҳоби Паёмбар сухани газофест, ки аз он ба Худо паноҳ мебарем, сониян тибқи раъйи шиа чӣ гуна Худованд пеши макри асҳоби Паёмбарро гирифт, дар ҳоле, ки онон хилофатро аз Алӣ ғасб намуданд.

Лизо мақсуд аз куфр дар ин оят тибқи раъйи муфассирин, китмон ва инкори оёти Парвардигор аст, ки Яҳуд муртакиби он буд: «أفتؤمنون ببعض الکتاب و تکفرون ببعض…/بقره۸۵".

Ва охирин даъвои шиа дар мавриди ин оят ин, ки Худованд ин оятро амдан дар сураи Моида ва дар сиёқи мавзуи Аҳли китоб қарор додааст, то мабодо касе аз вуҷуди он огоҳӣ ёбад ва дар паи таҳрифи он барояд. (Тафсири Намуна 4/270).

Далели дуввум: Нузули ояти «ألیوم أکملت لکم دینکم و أتممت علیکم نعمتی و رضیت لکم الإسلام دینا».

Шиа муътақида аст ин оят баъд аз қазияи Ғадир ва эълони ҷонишинии Алӣ бин Абӯтолиб аз сӯи Паёмбар (с) аст ва шоҳидест бар ин, ки хилофати эшон дар ҳукми такмилкунанди дин ва тамомкунандаи неъмати Парвардигор бар мардум аст, зеро имомат асли бузурге аз усули дин аст». (Хулосату ақаботул-анвон фи имомати аймматил-атҳор 8/275).

Чуноне, ки дар сабаби нузули ин оят гузашт, ҷамъи бисёре аз муҳаддисин монанди имом Бухорӣ, Муслим, Аҳмад, Тирмизӣ, Насоӣ, Ибни Ҷарир, Ибни Мунзир, Ибни Ҳиббон ва Байҳақӣ ривоят кардаанд, ки ин оят дар мавсими Ҳаҷҷатулвидоъ ва рӯзи Арафа (ки баробар бо рӯзи ҷумъа буд) бар Паёмбар (с) нозил шудааст, бинобарин дар инҷо ба баъзе аз вуҷуҳи истидлол ба ин оят тибқи назари шиа иктифо мекунем:

Соҳиби тафсири Алмизон баъд аз баён ва мардуд донистани тамоми эҳтимолот дар мавриди нузули ин оят мегӯяд: «Баъид нест, ки манзур аз лафзи «кофирин» дар қисмати аввали ин оят «الیوم یئس الذین کفروا من دینکم فلا تخشوهم واخشون، الیوم أکملت لکم دینکم …», тибқи ояти 109 сураи Бақара «ودّ کثیر من أهل الکتاب لو یردّونکم من بعد ایمانکم کفّارا حسداً من عند أنفسهم من بعد ما تبیّن لهم الحق فاعفوا و اصفحوا حتی یأتی الله بأمره…», куффор аз Аҳли китоб бошанд ва мақсуд аз фаро расидан амр дар ояти 109 сураи Бақара «حتی یأتی الله بأمره», таблиғи амри Худованд ва итмоми неъмат бар мӯминон ба василаи вилояти Алӣ бин Абӯтолиб бошад, зеро ба василаи вилоят ва имомати ишон, Аҳли китоб аз дини Ислом маъюс шуданд, лизо бадин тартиб инкори адами таносуби оёти сураи Моида низ бартараф мешавад». (Алмизон фи тафсирил-Қуръон 5/176).

Аввалан таноқуз дар гуфтори гузашта ва ҳоли соҳиби Алмизон комилан равшан аст, зеро ишон дар тафсири ояти таблиғ саъй бар он доштанд, то лафзи «кофирин»ро ба асҳоби Паёмбар (с) нисбат диҳанд, аммо дар инҷо ин куфрро бо истифода аз ояти дигар ба Аҳли китоб нисбат доданд, соният ин сухани сангин аст, ки даъво шавад Паёмбар (с) дар тули даврони муборизоташ натавоиста Аҳли китобро маъюс кунад, то ин, ки вилояти Алӣ ононро аз зарба задан ба Ислом маъюс месозад.

Фахруддини Розӣ низ дар тафсири хеш бо истидлоли ақлӣ ба инкори қавли шиа дар мавриди ин оят мепардозад. (Тафсири Кабир 11/139).

Далели саввум: Нузули ояти «سأل سائل بعذاب واقع».

Баъзе аз тафосири шиа аз имом Ҷаъфари Содиқ нақл мекунанд: «Онгоҳ, ки Паёмбар (с) Алиро ба ҷонишинӣ мансуб карданд ва фармуданд: (من کنت مولاه فعلی مولاه), ин хабар ба  тамоми ҷо печид. Пас Нуъмон бин Ҳориси Феҳрӣ, ба назди Паёмбар (с) омад ва гуфт: Моро амр кардӣ, ки ба ягонагии Худованд гувоҳӣ диҳем ва ин, ки ту фиристодаи Ӯ ҳастӣ ва моро ба ҷиҳоду Ҳаҷ ва рӯзаву намоз ва закот амр кардӣ, пас мо низ пазируфтем. Сипас розӣ нашудӣ то ин, ки ғуломиро бар мо ҳоким сохтӣ ва гуфтӣ: «من کنت مولاه فعلی مولاه». Пас оё ин амре аз сӯи туст ё Худованд? Паёмбар (с) фармуданд: балки аз назди Худованд аст! Нуъмон пушт кард ва гуфт: «اللهم إن کان هذا هو الحق من عندک فأمطر علینا حجارۀ من السماء أو ائتنا بعذاب ألیم /أنفال۳۲». Худованд низ санге аз осмон нозил кард ва ӯро ҳалок намуд, сипас Худованд ин оятро нозил фармуд: «سأل سائل بعذاب واقع». (Алмизон фи тафсирил-Қуръон 20/11).

Сабаби нузули ин оят дар аксари кутуби ҳадис ва тафсир машҳур аст. Бухорӣ аз Анас бин Молик ривоят мекунад: Абӯҷаҳл гуфт: «اللهم إن کان هذا هو الحق من عندک فأمطر …», пас Худованд низ ин оятро нозил кард: «و ما کان الله لیعذبهم و أنت فیهم و ما کان الله معذبهم و هم یستغفرون». (Фатҳулборӣ 8/848).

Ҳамчунин Ибни Ҷарири Табарӣ аз Ибни Аббос ва Муҷоҳид (р) дар мариди ин оят «سأل سائل بعذاب واقع», ривоят мекунад: «Ин оят дар ҷавоби дархости азоб аз сӯи куффор нозил шуд». (Ҷомеъулбаён фи тафсири-­­­­Қуръон 29/44).

Далели чаҳорум: Шеъри Ҳассон бин Собит

Баъзе аз кутуб зимни нақли қазияи Ғадири Хум, абётеро аз Ҳассон бин Собит ривоят мекунанд, ки ба тафсир ва шарҳи ҳадиси Ғадир мепардозад. Хаворазмӣ дар китоби Алманоқиб аз Абӯсаъиди Хузрӣ ривоят мекунад, ки баъд аз қазияи Ғадир ва нузули ояти «الیوم أکملت لکم دینکم و أتممت علیکم نعمتی و رضیت لکم الاسلام دینا», Ҳассон бин Собит ба Паёмбар (с) гуфт: Иҷоза бидиҳед то абёте бигӯям! Паёмбар (с) ба ишон фармуданд: (قل علی برکۀ الله», сипас Ҳассон ин абётро сурад:

« ینادیهم یوم الغـدیر نبیّهم   *   بخـمّ واسمـع بالرسول منادیا

بأنی مولاکم نعم و ولیکم    *   فقالوا و لم یبدوا هناک التقامیا

إلهک مولانا و أنت ولینا    *   فلا تجدن فی الخلق للأمر عاصیا

   فقال له قم یا علیّ فإننی    *   رضیتک من بعدی إماماً و هادیا ».

Ваҷҳи истидлол ба ин абёт онаст, ки сарояндаи он саҳобиест ва бо иҷоза ва дар ҳузури Расули Худо (с) суруда шуда ва мавриди тақрири Паёмбар (с) воқеъ шудааст, аммо ин абётро танҳо дар кутубе метавон ётф, ки мавриди истидлоли шиа аст, мисли (Кашфулғумма фи маъриятил-аймма, Тазкиратул-хавос, Фароидус-самтин ва Маноқиби Хаворазмӣ).

Бо нигоҳе ба ин ривоят дармеёбем, ки маҷмуъи руввот, онро аз тариқи Абӯҳоруни Абдӣ (Аммора бин Ҷувайни Абдии Басрӣ) ривоят карданд ва ӯ касест, ки мавриди такзиби аксари муҳаддисин воқеъ шудааст. Ибни Ҷарир мегӯяд: «Чӣ гуна ӯро мутаҳам ба кизб накунанд, дар ҳоле, ки Ибни Адий дар Алкомил аз Баҳз бин Асад ривоят мекунад: ба назди Абӯҳоруни Абдӣ рафтам ва гуфтам: чизе аз он чӣ аз Абӯсаъид навишатаӣ, бароямон биёвар! Ӯ китобе овард, ки дар он навишта буд: Аз Абӯсаъид шунидам, ки мегӯфт: (Усмонро дар қабраш ниҳоданд, дар ҳоле, ки кофир ба Худованд буд). Ба ӯ гуфтам: оё бар ин гуфта иқрор дорӣ? ӯ гуфт: дақиқан ҳамон аст, ки дидӣ! Пас китобро ба сӯяш андохтам, зеро ин дуруғи бузург бар Абӯсаъиди Хузрӣ аст». (Таҳзибу-таҳзиб 4/248).

Ин аслитарин далоили шиа буд, ки дар кутуби мухталифи шиа дар маврид ҳадиси Ғадири Хум ба он истидлол шудааст.

Бахши шашум: Қавли Аҳли суннат ва ҷамоъат дар мавриди ҳадиси Ғадири Хум

Муҳаммад Рашид Ризо дар тафсири «Алмнор» мегӯяд: «Аҳли суннат мегӯянд, ин ҳадис (ҳадиси Ғадири Хум) далолат бар вилоят ба маънои имомат ва хилофат намекунад ва ин маъно дар Қуръон наёмадаст, балки мурод аз лазфи вилоят, вилояти нусрат ва маваддатест, ки Худованд онро дар миёни мӯминон ҷорӣ сохтааст: «والمومنون و المومنات بعضهم أولیاء بعض /توبه۷۱», ва маънои ин ҳадис чунин аст, ки ҳар кас ман носир ва муҳибби ӯ ҳастам, пас Алӣ низ носир ва муҳибби ӯст, ё ба ибораи дигар, касе маро дӯст дорад ва нусрат медиҳад, Алиро дӯст бидорад ва нусрат диҳад». (Тафсири Алманор 6/465).

Ин хулосаи ақидаи Аҳли суннат ва ҷамоъат аст ва бар қавли хеш далоиле аз Қуръон, Суннат, забони Араб ва таърих меоваранд, ки машҳуртарини онҳо иборат аст аз:

Далели аввал: «Мавло» ба маънои авло ба тасарруф наёмадааст. Имом Олӯсӣ дар тафсири «Руҳул-маъонӣ мегӯяд: «Аз лиҳози луғавӣ, лафзи «мавло» ба маънои авло ба тасарруф намеояд ва аҳли луғат бар ин матлаб иқрор доранд ва мегӯянд: вазни «مَفعل» ҳеҷгоҳ бар вазни «أفعل» намеояд ва агар низ онро ҷоиз бидонем, мунҳасиран ба маънои авло ба тасарруф намеояд, балки эҳтимол дорад, авло ба муҳаббат, авло ба таъзим ва монанди он биёяд ва чӣ бисёр мавзеъе, ки лафзи «авло» омадааст, аммо наметавон онро авло ба тасарруф маъно намуд, мисли ин сухани Парвардигор: «إن أولی الناس بإبراهیم للذین اتّبعوه و هذا النبی والذین آمنوا) /برگرفته از روح المعانی۶/۱۹۵.». (Баргирифта аз Руҳул-маъонӣ 6/195).

Ибни Таймия мегӯяд: «Миёни «ولي» ва «مولى» ва амсоли он, бо лафзи «والى» фарқ аст; боби «вилоят», ки дар маъно зидди адоват аст, мутафовит аст, боби вилояте, ки ба маънои иморат аст. Маънои ҳадис (Ғадир) вилоятест, ки зидди адоват аст ва Паёмбар (с) нафармуданд: «مَن کنت والیه فعلیّ والیه», балки фармуданд: «مَن کنت مولاه فعلیّ مولاه», ва маъно намудани «مولى» ба «والى» ботил аст». (Минҳоҷус-суннаҳ алнабавияҳ (4/87).

Соҳиби Рӯҳул-маъонӣ мегӯяд: «Сухани Паёмбар (с) тибқи ривоёти «اللهم وال من والاه و عاد من عاداه» аст ва агар мақсуди авло ба тасарруф буд, яқинан Паёмбар (с) мефармуд: «اللهم وال من کان فی تصرفه و عاد من لم یکن کذلک», бинобарин мақсуди Паёмбар (с) ийҷоби муҳаббат ва маваддати Алӣ (каррамллоҳу ваҷҳаҳу) аст ва агар мақсуд хилофати ишон буд, ҳатман онро ба сароҳат баён мекард». (Рӯҳул-маъонӣ 6/195).

Ҳамчунин далеле вуҷуд надорад, ки мушаххас кунад мақсуди Паёмбар (с) аз лафзи «مولى» дар ду тафари ҳадис «مولى ووال» мутафовит будааст ва бадеҳист, агар мақсуд аз дуои Паёмбар (اللهم وال من والاه), авло ба тасарруф ва иморат бошад, лозим аст, ҳар кас Алиро имом бидонад, худ низ ба мақоми имомат бирасад ва ин амри ботил аст.

Далели дуввум: Дар хутбаи Ҳаҷҷатулвидоъ сухане аз хилофат ба миён наёмадааст

Ибни Ҳишом аз Ибни Исҳоқ дар мавриди Ҳаҷҷатулвидоъ нақл мекунад: «Паёмбар (с) баъд аз анҷоми маносики Ҳаҷ хутбае эрод намуд ва фармуд: «Эй мардум! Сухани маро бишнавед, шояд баъд аз ин дигар маро  дар ин мавқиф набинед!» сипас мардумро дар бораи умури мухталиф тазаккур дода, сипас фармуданд: «Эй мардум! Сухани маро бигиред, зеро ман ба шумо иблоғ кардам ва дар миёни шумо баҷой гузоштам, он чиро, ки агар ба он пойбанд бошед, ҳеҷгоҳ гумроҳ намешавед: китоби Худо ва суннати Паёмбараш! Сипас мардумро ба риъояти дӯстӣ ва бародарӣ даъват намуданд ва сипас фармуданд: (اللهم هل بلّغت؟), (Оё иблоғ кардам?), мардум посух доданд: Оре! Эй  Расули Худо (с). Ишон фармуданд: Паврардигоро! Шоҳид бош. (Сирати Набавӣ, Ибни Ҳишом, 4/251).

Аз ривояти фавқ чанд матлаб қобили бардошт аст: аввалан ин охирин мавқифи умумист, ки Паёмбар (с) дар он ба сухан мепардозад, лизо усул ва аҳкому насоиҳро дар он ба мардум тазаккур медиҳад ва таъкид мекунад, ки мардум бояд онро хуб ба хотир бисупоранд, сониян ибораи « اللهم هل بلّغتُ», баёнгари онаст, ки ҳар он чӣ Расули Худо (с) дар ин хутба пешкаш мекунад, мисдоқ ва мазмуни он чизест, ки Худованд ба ишон амр кардааст, то ба мардум иблоғ намоянд, аммо дар он ҳеҷ ишорае ба хилофат баъд аз худ намекунад, дар ҳоле, ки муносибтарин ҷойгоҳ